ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. […]
Баҳси ҳамешагии М. Садриддин, ки пайваста аз дигарон талаб мекунаду ҳатто шунидан намехоҳад, ки дигарон аз ӯ талаб намоянд, сатру ҳиҷоб, масҷиду намоз аст. Тамоми матолибе, ки интишор медиҳад, ба ин ва ё он ваҷҳ ба ин ду масъалаи асосӣ – ҳиҷобу масҷид бастагӣ доранд. Фаразан, дар бораи масъалаҳои дигар, мисли ришваситонӣ, фасоди молӣ ҳам […]
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни он мухбирони нашрияҳои “Ҷумҳурият”, АМИТ “Ховар”, “Садои мардум”, “Народная газета”, “Минбари халқ”, ҳафтаномаи “Фараж”, “Самак”, Баҳори Аҷам шабакаҳои телевизионии ТВ «Сафина», “Ҷаҳоннамо”, радиои “Тоҷикистон” “Садои Душанбе” ҳафтаномаҳои маҳаллии «Диёри Турсунзода», «Алюминийи […]