Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст» ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъуди Сипанд, шоир, достоннавис ва рӯзноманигори эронитабори муқими иёлати Калифорнияи Амрико аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони абармарди таърихи Тоҷикистон ном бурд.
Расонаҳои ҳангомасози Ҷумҳурии охундии Эрон рӯзҳои охир талош доранд, ки аз тариқи мусоҳибаву суҳбат ва мақолаҳои бофтаву бардурӯғ вазъияти кунунии кишвари азизамон – Тоҷикистон ва равандҳои сиёсии онро ғайридемократӣ муаррифӣ намуда, амалҳои террористию зиддибашарии саркардагони ҳизби наҳзатро «пок» нишон диҳанд. Аз ҷумла, ин рисолати дурӯғпароканиро аз ҳама бештар бунгоҳи хабарии «Тасним», ки мутааллиқ ба пойгоҳи […]
Пойгоҳҳои хабарии марбут ба ТТЭ ҲНИ таърихро таҳриф намуда, мехоҳанд чеҳраи худро мутамаддину инсонсолор ба намоиш дароранд ва бо ин роҳ ҷурму ҷиноёти сангинеро , ки солҳои 90-уми қарни гузашта бар сари миллати тоҷик оварда буданд, пардапуш намоянд. Сомонаи Isloh.net расонаи хабарие,