Фаъолияти Шӯроъ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ Posted on 18.04.2022 Author Tursunzoda Comment(0) print Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр, роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, масъулини Кумитаи идораи замин, роҳбарият ва мутахассисони самти замини ҷамоатҳои деҳот ҷаласаи ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА доир гардид. Дар ҷараёни кори Шӯро масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар самти замин, риояи талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ, риояи Нақшаи генералии шаҳр, истифодаи мақсадноки замин, ба ҳолати аввала баргардонидани заминҳои худсарона ғасбшуда, эътирозҳои прокурорӣ дар самти қонуншиканӣ дар самти замин ва дигар масоили вобаста истифодаи мақсадноки замин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Комментировать Поделиться