Ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» ҷиҳати баҳогузорӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз гулгашту гармхонаҳо ва боғҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода дидан намуданд. Ба аъзои комиссия иттилоъ дода шуд, ки тибқи низомнома даври якуму дуюми озмун дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳр баргузор ва ғолибони он муайян гардиданд. Ҷиҳати иштирок дар озмун […]
Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии Модар Замин, ки ҳамасола 22 апрел ҷашн гирифта мешавад, дар МТД “Коллеҷи тибби шаҳр ТУрсунзода” машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ибтидои машарат доир ба таърихи ва моҳияти ин санаи муҳими экологӣ маърӯзаи мутахассисони шуъба шунида шуд. Таъкид гардид, ки маҳз […]
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, канори каналу ҷӯйборҳо, баланд бардоштани маърифати экологии сокинони шаҳр ва ҷалби бештари шаҳрвандон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист дар соҳили дарёҳои Қаратоғу Ширкент ва каналу заҳбурҳои ҳудуди шаҳр аксияи “Тозагии соҳил-2019” гузаронида шуд. Дар рафти тозакориҳо беш аз 1000 нафар […]