Дар доираи равобити дӯстиву бародарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз дар баробари ҳайати шаҳру навоҳии ҳамсарҳад намояндагони шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акам ба шаҳри Тирмиз сафар намуданд. Ҳокими вилоят Боболов Тӯра Абдиевич меҳмонони тоҷикистониро самимона пазироӣ ва […]
Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бузургдошт ва гиромӣ доштани хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба ин муносибат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода […]
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ОШЁНИ МЕҲР” ва фестивали Сад ранги чакан баргузр шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти […]