Таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ва иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи кории амалишавии лоиҳаи сохтмони муассисаи таълимӣ бо забони русӣ – фармоишгари лоиҳа Бунёди авруосиёии пойдорӣ ва рушд (ЕФСР), инчунин роҳбарияти шаҳр ва масъулини амалисозии лоиҳаи мазкур дар майдони сохтмон машварати корӣ доир гардид. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз […]
Соҳибкорону фаъолон ва сокинони меҳнатдӯсту бонангу номӯси деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Регар санаи 1 марти соли ҷорӣ зимни вохӯрӣ бо раиси шаҳр идомаи корҳои сохтмониро дар муассисаи таҳсилотии №50, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта бозистода буд, нақшагузорӣ намуда, имрӯз нияти неки худро ба амали бузург табдил доданд. Тавассути ҳашари сокинон корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд. […]
Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат, ки 26 августи соли 2021 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ва зимни ифтитоҳи Литсей-интернати шаҳри Турсунзода баён гардиданд, дар заминаи муассисаи мазкур ҷиҳати бунёди хобгоҳи тарбиятгирандагон барои 340 нафар корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз ва санги асоси иншооти мазкур гузошта шуд. Бунёди иншооти мазкур бо ташаббуси […]