Кишоварзони шаҳри Турсунзода бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои корам ва майдони боғу токзорро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд. Дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар, деҳқонони шаҳр инчунин ҷиҳати ба содирот равона намудани маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангури шаҳдбору хушсифат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон 13300 тонна навъҳои гуногуни ангур содирот гардид, ки ин нишондод дар ҷамъбасти соли 2020 дар маҷмуъ 6016 тоннаро ташкил медод, яъне танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ содироти ангур дар шаҳр беш аз 200 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани маҳсулот, таъмини бозори истеъмолӣ ва ба содирот равона кардани маҳсулот дар шаҳр зиёда аз 40 сардхона бо ғунҷоиши беш аз 10800 тонна мавҷуд аст. Соли ҷорӣ дар натиҷаи риояи талаботи агротехникии парвариши маҳсулот ва мусоид омадани обу ҳаво токзор ҳосили хуб дода, ҳанӯз дар токзор ва сардхонаҳо ҳосили ангур фаровон аст. Кишоварзон ният доранд, ки то охири соли ҷорӣ содироти ангурро то ба 20000 тонна расонида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар самти афзоиши маҳсулоти содиротӣ саҳми худро гузоранд. Дар парвариш ва содироти ангури хушсифат хочагиҳои соҳибтаҷриба, аз ҷумла “Боғи Сомон” , “Ватан” ва “Ҳоҷӣ Неъмат” саҳмибештар дошта, дар майдони токзори хоҷагиҳои мазкур беш аз 10 навъи ангур павариш меёбад, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир буда, ба сидорот нигаронида шудааст.
Сабтҳои охирин
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар мавсими имсола дар майдони 1024 га кишти пунбадонаро ба роҳ монданд, ки асосан навъи “Флеш”-ро дар бар мегирад. Хоҷагидорони кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратии “Самир” ҷамъоварии “тиллои сафед”-ро бо маром идома дода истодаанд. Тибқи маълумоти раиси хоҷагӣ Холов Шавқат соли равон хоҷагидорон дар майдони 170 гектар пунбадона кишт намуданд, ки айни замон дар саҳро […]
САҲМГУЗОРӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҷамолиддин 2006” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии дастранҷи деҳқон шиносоӣ пайдо намуд. Масъулини хоҷагӣ иттилоъ манзур намуданд, ки заминҳои хоҷагорӣ аз 4 га иборат буда, дар он парвариши сабзавот, пахта, ғалла ва боғу токпарварӣ ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ хоҷагидорон дар 0,25 гектар замин […]
МАҚСАД: ТАЪМИНИ ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ
Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарияти Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор шуд. Дар ибтидо раисони ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди шаҳр вобаста ба маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳисобот манзур намуданд. Сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри […]