Суханрониҳои раис

26 ОКТЯБР РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

print
ТАБРИКОТИ
РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ
Возможно, это изображение (1 человек и текст)
МУҲТАРАМ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба муносибати иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти судӣ Шуморо табрику таҳният намуда, саломативу комронӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамояд.
Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи беш аз 90 солаи фаъолият дар самти таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо саҳми босазо гузошта истодааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳокимияти судӣ мавқеи боз ҳам баландро сазовор гардида, кормандони мақомоти судӣ дар таҳкими Истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдат ва худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд.
Дар ин радиф кормандони Суди шаҳри Турсунзода ба халқу Ватан хизмати содиқона карда, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва қонунияту адолатро ҳифз намуда, дар самти ободию шукуфоии шаҳри азизамон низ сайъу талоши пурсамар намуда истодаанд.
Бо ибрози беҳтарин таманниёт бори дигар кулли кормандони Суди шаҳри Турсунзодаро табрику таҳният намуда, сиҳатмандиву иқболи баланд, саодату рўзгори осударо орзу намуда, дар татбиқи пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *