Таҷлил

print

ТАБРИКОТИ

раиси шаҳри Турсунзода АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ бахшида ба  Иди Меҳргон  ва Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр бияфзо, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон. Возможно, это изображение (на открытом воздухе)

Ҳамдиёрони азиз! Боиси шукргузорӣ ва сарафрозии ҳар як фарди Ватан аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азиз сулҳу амният пойдор ва ҳаёти осоишта ҳукмрон буда, тантанаҳои ҷашнӣба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо шаҳомати бузург идома доранд. Фарорасии иди Меҳргон, ки ҳамчун ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дӯстию рафоқату меҳр ба инсон, ҷашни ҷамъоварии кишту кор ва натиҷаи заҳмати пурбори деҳқон арзёбӣ мегардад, ба тантанаҳои Истиқлоли Ватан шаҳомати тоза зам намуд. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кулли сокинони шаҳри Турсунзодаро самимона табрику муборакбод намуда, сиҳатмандиву сарбаландӣ таманно менамоем. Ҳамдиёрони азиз,

Аз саҳифаҳои таърих бармеояд, ки Меҳргон дар радифи ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми тоҷик – мисли Наврӯз ва Сада  миёни мардуми мо маҳбубияти хос дошта, аз қадим бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид. Меҳргон таърихи  пеш аз панҷҳазорсоларо доро буда, таҷлили он аз даврони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма гирифта, дар аҳди салтанати Сосониёну Сомониён низ ботантана ҷашн гирифта мешуд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи муҳтарам Пешвои миллат  Меҳргон ҳамчун айёми фархундаву иди ҳосил дубора эҳё гардида, ба ҳайси ҷашни меҳру самараи меҳнат маҳбубияти хосаро пайдо намуд. Анъанаҳои Меҳргон хусусиятҳои инсонадӯстона дошта,  дар аҳди бостон ба пешвози ҷашни мардум дар баробари поксозии ҳавлию кошонаи худ, кӯчаю хиёбонҳоро низ тозаю озода намуда, бо либосҳои шинаму зебо ба базмгоҳи идона ҳозир мешуданд. Дастачмъона хурсандию таронахонӣ карда, ба ҳамдигар  меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ менамуданд. Аҳамияти таҷлили иди Меҳргонро баланд арзёбӣ намуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».  Аз ин лиҳоз, анъани неки ниёгон ва пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллатро амалӣ намуда, мардуми сарбаланд ва меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода ҷашни аҷдодии Меҳргонро ҳамасола бо дастовардҳои меҳнатӣ таҷлил менамоянд. Аз Меҳргон то Меҳргон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода зиёд гардида, хоҷагидорон дар ғановати дастархони ҳамдиёрон нақши муҳим мегузоранд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки деҳқонони шаҳри мо дар ҳудуди кишвар ва берун аз он бо истеҳсоли маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ ном бароварда, хусусан дар бунёди токзори серҳосил ва парвариши ангурҳои шаҳдбор шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Боварии комил дорем, ки кишоварзони шаҳр ин анъанаи некро минбаъд низ идома дода, бо истифодаи оқилонаи обу замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил ҷиҳати  таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Дар доираи суннатҳои неки ҷашни Меҳргон ҳар яки моро мебояд заҳмати марди деҳқонро қадрдонӣ намуда, дар бунёди боғҳо ва ободонию хуррамгардонии муҳит, саҳми муносиб гузорем, зеро ин амал василаи баланд бардоштани маърифати ҷавонон, тарзи зиндагии солим, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси миллӣ ва пешрафту ободии кишвари азизамон  арзёбӣ мегардад. Итминони комил дорем, ки сокинони меҳнатдӯсти  шаҳрамон  оини неки ҷашнро сарчашмаи илҳом дониста, ҷиҳати татбиқи созандаву бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат зери парчами ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат софдилона меҳнат намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон  саҳми муносиби худро мегузоранд. Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар фарорасии ҷашни бузурги аҷдодиро ба тамоми мардуми меҳнатдӯсти шаҳр табрику таҳният намуда, сиҳатмандиву саодат, файзу баракат ва рӯзгори ободро  орзумандем.

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,

Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон  

Иди Меҳргон муборак,  ҳамдиёрони азиз!  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *