Корҳои созанда дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо маром идома доранд. Хусусан, дар самти таъмири роҳҳо соли ҷорӣ натиҷаҳо назаррасанд
Давоми сол дар 38.06 км роҳ таъмири асосӣ ва дар 23.7 км роҳ таъмири ҷорӣ ба сомон расонида шуд,ки ҷиҳати рушди деҳот ва ободии шаҳри азизамон мусоидат менамояд.
Чунин кори созанда бо дастгирии соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳр амалӣ ва 1 км роҳ дар маҳаллаи 5 – ум таъмири асосӣ гардид.
Корҳо дар самт муташаккилона дар ҷараён аст.