Имрӯз рӯзноманигорони Шабакаи давлатии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ҷиҳати таҳияи барномаи тарғибкунандаи дӯстӣ ва имкониятҳои васеи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар дидбонгоҳи сарҳадии байнидавлатии “Дӯстӣ” мавқеъ дар шаҳри Турсунзода меҳмононро муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин Ҳазрат дар фазои тантанавӣ пазироӣ ва бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода шинос намуд. Ҳамчунин дар сарҳад бо зумраи шаҳрвандони ду ҷониб доир ба рафтуомад суҳбат доир гардид. Аз ҷониби шаҳрвандони ҷонибҳо иброз шуд, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандони роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дӯстиву рафоқати давлатӣ барқарор гардид. Шаҳрвандони ҳарду ҷониби сарҳад иброз доштанд, ки ҳарчанд, карантини бемории коронивирус, ки байни тамоми мамолики олам монеаи рафтуомадро ба вуҷуд овард, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бидуни сарҳад аст ва мо ифтитоҳи сарҳадро бесаброна интизорем. Сафари рӯзноманигорон ба ХД “Боғи Сомон” идома ёфта, доир ба фаъолияти хоҷагӣ, дастгириҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати густариши токпарварӣ ва ташрифи роҳбарони олии ду давлати дӯст ба токзорҳои хоҷагӣ суҳбат ороста шуд. Дар хоҷагии деҳқонии “Ватан” суҳбати кишоварзи шинохта, токпарвари номӣ Усмонов Неъмат бо рӯзноманигорон ба вуқуъ пайваст. Токпарвари шинохта иброз дошт, ки дар Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат тамоми халқҳо, аз ҷумла халқҳои бародари тоҷику ӯзбек дӯсту ҳамдилона зиндагонӣ карда, ҷиҳати пешрафт ва шукуфоии мамлакат саҳмгузорӣ менамоянд. Ҳамчунин Усмонов Неъмат ба меҳмонон доир ба фаъолияти хоҷагӣ, парвариши навъҳои гуногуни ангур ва навъҳои мухталифи дарахтони нодир, анҷоми корҳои обониву саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ маълумот манзур намуд.
Сабтҳои охирин
МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!
Posted on Author Tursunzoda
Имрӯз баъд аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат роҳпаймоии ҷавонони шаҳр таҳти унвони “МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!” баргузор шуд. Роҳпаймоӣ аз наврӯзгоҳи “Баҳори Истиқлол” то майдони Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифта, беш […]
Таджикистан экспортировал в страны ЕС товары на 34 миллиона долларов
Posted on Author Tursunzoda
Таджикистан и Европейский союз обсудили двустороннее сотрудничество и инвестиционный климат в республике.
ТЭО ПИВ спекулирует на имени Файзинисо
Posted on Author Tursunzoda
Всем и каждому очень бы не хотелось, чтобы после безвременного ухода из этой бренной жизни наши имена полоскали, как грязное бельё, в негативном контексте.