Барномаҳои давлатӣ

БАРРАСИИ БАРНОМАИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲР

print
Имрўз дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳалаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Қосим Роҳбар баргузор шуд, ки дар ҷараёни он рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию-иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ҷаласаи сайёрро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Барнома ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд ва барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, рифоҳӣ, инфрасохтори замонавӣ, шароити шоистаи зиндагии аз лиҳози экологӣ мутобиқ мусоидат намуда, барои баланд гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии шаҳр замина хоҳад гузошт.
Дар идома ҷараёни иҷрои Барнома ва соҳаҳои хоҷагидории шаҳри Турсунзода мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби раёсати Кумитаи рушди маҳал, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва садо, меҳнат ,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати мукаммал гардонидани бандҳои Барнома ва иҷрои саривақтии он таклифу пешниҳоди муфид дода шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *