Сокинони деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон майдончаи варзиширо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
. Дар тантанаи ифтитоҳи он раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. иштирок намуда, фарорасии Наврӯзи Аҷамро муборакбод гуфта, ба сокинони деҳа ҷиҳати бунёди майдони мазкур арзи сипос намуд.
Сокинон иброз доштанд, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли длавлатии Тоҷикистон дар деҳа ҷиҳати ободонӣ ва рушди маҳал тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои созанда муташаккилона идома доранд.