Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёду таҷдиди иншооти гуногун ба таъмиру ободонии шафати роҳҳои нақлиётгард мароқи ҷиддӣ зоҳир мегардад.
Имрӯзҳо кормандони Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар даромадгоҳи маркази шаҳри Турсунзода саргарми кор буда, ба таҷдиду азнавсозии ҷӯйҳо ва роҳи пиёдагард, машғуланд, ки ин амал ба даромадгоҳи маркази шаҳр ҳусни тоза авзун менамояд.
Дар шафати роҳ инчунин насби сутунпояҳо ва чароғакҳои нав ва бо мақсади тозагии муҳити зист ва хуррамгардонии шаҳр шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.