Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
Дар ибтидо вобаста ба корҳои анҷомдода дар соли 2020 ҳисоботи мудири бахши ҷавонон ва варзиши ш. Турсунзода Ҳалимзода Умедҷон шунида шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, дар доираи нақшаи кори Шӯро соли 2020 дар шаҳр зиёда аз 332 чорабинӣ, аз ҷумла 125 вохӯриву мулоқотҳо, 57 чорабинии варзишӣ, 46-семинар машварат, 66 аксия, 12 мизи мудаввар, 12-озмун ва 14-чорабинии оммавӣ фарҳангӣ бо иштироки 84404 нафар доир гардид.
Бахши бо мақсади фаъолгардонии рушди ҳаракати волонтёрӣ зиёда аз 600 нафар волонтёр аз ҳисоби барандагони стипендияҳои Президентӣ ва раиси шаҳр, варзишгарони беҳтарин ва донишҷӯёни фаъоли коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳр интихоб шудаанд, ки дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ширкат варзида, давоми сол Аз ҷониби онҳо 66 аксияи тарбиявию ахлоқӣ гузаронида шуд.
Дар идома нақшаи чорабиниҳои Шӯро барои соли 2021 тасдиқ гардид.
Баъдан раиси шаҳр Акрамзода П.А. ба сухан баромада, иброз дошт, ки дар партави сиёсатии ҷавонпарварони муҳтарам Пешвои миллат барои ҷавонон дар кишвар тамоми шароитҳо муҳайё буда, ҷавонои шаҳрро мебояд ба масъалаи омӯзиши илму фан, касбу ҳунар ва хизмат ба Ватан мароқи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар хотима ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатии ҷаавонон, хониши аъло ва иштирок дар чорабиниҳои сиёстиву ҷамъиятӣ ба як қатор ҷавонони фаъол бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ТУрсунзода сарфароз гардиданд.