Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода рӯзҳои истироҳатӣ бо иштироки 1300 нафар намояндагони корхонаву ташктилот ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аксияи тозагии маҳал ва роҳ баргузор гардид. Дар ин замина корҳои ободонӣ ва тозакориҳои муҳити зист сурат гирифта, бехи гулу дарахтони […]
Хоҷадорони Кооперативи истеҳсолии ба номи “Кенҷа Назиров”-и шаҳри Турсунзода дар баробари истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар ҳифзи муҳити зист ва корҳои ҷамъиятиву ободонӣ ширкати фаъолона меварзанд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аксияи навбатии “Тозагии роҳ” санаи 8 август баргузор гардид, ки хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии ба номи “Кенҷа Назиров”-и дар мавзеи […]
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки беш аз 1400 нафар намояндагони корхонаву ташкилот ва аҳолӣ дар Боғи Ғалаба, шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ва корхонаву ташкилоти шаҳр дар доираи нақшаи баргузории аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ” ҳашари умумишаҳрӣ баргузор гардид. Зимни тозакориҳои дастаҷамъона асосан ба масъалаи бартараф намудани алафҳои бегона аз мухити зист, буриши санитарии атрофи […]