
Имрӯз ба муносибати Рӯзи байналмилалии маъюбон бо ташаббусу мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва эҳсонкорон як қатор ниёзмандону маъюбон дастгирӣ ёфта, ба онҳо аз ҷумла маводи хӯрокворӣ, аробачаи маъюбӣ ва таҷҳизоти маишӣ кумаки яквақтаина расонида шуд.