Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Турсунзода инчунин ҷиҳати хуррам ва назаррабо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон гулҳои садбарг, мавсимӣ, инчунин дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуда, ҳар як минтақа ба масъулон вогузор гардида, […]
Дар шаҳри Турсунзода ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон муташаккилона идома дорад. Хусусан, имрӯзҳо дар заминҳои шоликорӣ, майдони пахтазор ва токзор кор дар авҷ аст. Бо мақсади дар доираи маърифати экологӣ ва риояи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» иҷро намудани корҳои саҳроӣ мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода бо хоҷагидорон, ронандагони нақлиёти кишоварзӣ […]
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва иштироки беш аз 800 нафар намояндагони корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинони маҳал ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъонаи “Тозагии маҳал” ,“Тозагии роҳ” ва “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Дар ин замина тозаву озода намудани шафати роҳ, бартараф намудани […]