Хабарҳо

print
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои таълимӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва ҷараёни сохтмони синфхонаҳо ва биноҳои нав раиси шаҳри Турсунзода имрӯз аз муассисаҳои таълимии №23,46 ва 50 Ҷамоати деҳоти Регар дидан намуд.
Зимни суҳбат бо хонандагон раиси шаҳр иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати омӯзиши дониш ва касбу ҳунар ба насли наврас тамоми шароити мусоид фароҳам оварда истодааст. Айни замон ҷиҳати бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст дар шаҳр беш аз 80 синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, дар деҳоти мазкур инчунин таъмиру азнавсозии мкуассисаҳои таълимии №23,46,ва 50 ба нақша гирифта шудааст.
Зимни боздид аз муассисаи таълимии №23 сокинон ва фаъолони деҳаи Регар иброз доштанд, ки сохтмони бинои навро дар назди муассисаи таълимӣ ба нақша гирифтаанд. Вобаста ба ин иқдоми созанда раиси шаҳр масъулинро муаззаф намуд, ки ҷиҳати омода намудани лоиҳаи схтмон, таъмини техника ва мутахассисони соҳа ба сокинони маҳал мусоидат намоянд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *