Хабарҳо

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ДЕҲАИ ШОДИЁНА

print
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шодиёнаи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов маркази хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ҷӯрабек Муҳибов ба раиси шаҳр иброз дошт, ки дар назди маркази хизматрасонӣ мағозаи хӯрокворӣ, дӯкони маҳсулоти нонӣ, сартарошхона ва нонвойхона фаъолият менамояд, ки 10 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуд. Ҳамчунин Ҷӯрабек Муҳибов ба раиси шаҳр иброз дошт, ки бо мақсади густариши дӯкони маҳсулоти нонӣ ва ба омӯзиши кадбонуӣ фаро гирифтани духтарон ва занони хонашини маҳал дар дӯкон насби тафдони муосирро дар нақша дорад.
Раиси шаҳр ба соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов ҷиҳати бунёди маркази мазкур арзи сипос намуда, аз сокинои маҳал даъват ба амал овард, ки дар ободгариву созандагӣ саҳмгузор бошанд, зеро ободии деҳа сарчашмаи ободии шаҳр арзёбӣ гардида, ободии шаҳр бошад, аз ободии Ватан дарак медиҳад.
Тибқи маълумоти раиси ҷамоати деҳоти Регар Мусулмон Эҳсонзода ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот 18 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, аз ин ҳисоб 9 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, дар 9 иншооти дигар корҳои созанда муташаккилона идома дорад.
– Дар корҳои ободонӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъмири роҳу соҳилмустаҳкамкунӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣӣ саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов арзанда буда, дар ин давра аз ҷониби ӯ 2 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуд,- илова намуд М. Эҳсонзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *