Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

НАТИҶАГИРӢ АЗ НУҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ

print

Санаи 19 октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асозода Нуралӣ маҷлиси васеъ баргузор шуда,  рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар ҷамъбасти нуҳ моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ибтидо раиси шаҳр Ҳамдам Долизода баромад намуда, рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар нуҳ моҳи соли  2020 шунида шуд.

  Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ  оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар умум 5483 арзу шикояти шаҳрвандон ворид ва мавриди иҷро қарор дода шуд. Дар ин давра 5 маротиба иҷлосияи Маҷлиси Вакилони халқи шаҳр баргузор гардида, дар он 45 масъала баррасӣ ва 56 қарори раиси шаҳр тасдиқ шуд.

Ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли ҷорӣ нишон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 1,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,6 млн. сомонӣ (2,5 фоиз) зиёд мебошад. Дар ин давра соҳаи савдо-17,7 фоиз, кишоварзӣ-2,0 фоиз, хизматрасонии пулакӣ-7,4 фоиз афзоиш ёфт.

Зимни баррасии қисми даромади буҷет таъкид шуд, ки буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус ба иқтисодиёти шаҳр, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, иҷрои буҷет ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъсири манфӣ расонида,  қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 84,5 фоиз иҷро гардид.

Дар ин давра  аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии оилаҳои камбизоат ба 1421 нафар 87,5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина  расонида шуд.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша дар арафаи ҷашну идҳо ба оилаҳои ниёзманд ба маблағи 5 млн. сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Дар идома масъалаи соҳаи саноат, сохтмон, энергетика, нақлиёт коммуникатсия ва хоҷагидории шаҳр мавриди таҳлил қарор гирифта, таъкид шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 561,5 млн. сомониро ташкил дод..

Новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, ҷиҳати таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳр бунёди корхонаву коргоҳҳои хурди саноатӣ идома дорад. Аз ҷумла, санаи 7 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки  муҳтарам Пешвои миллат корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хуроквории ҶДММ «Сардор 2008» ба истифода дода шуд, ки маҳсулоти корхона воридотивазкунанда ва бо содирот нигаронидашуда ба ҳисоб рафта, беш аз 200 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 382 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар давоми солҳои 2018, 2019 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ 219 иншоот ба истифода дода шуд.

Дар ин давра аз ҷониби кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 501,9 млн. ҳазор сомонӣ маҳсулот  истеҳсол гадид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони шаҳр 78746 тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16196 тонна зиёд мебошад. Инчунин истеҳсоли гӯшт ба 3344 тонна, шир 21650 тонна, тухм 2 млн. 660 ҳазор дона баробар шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 113 тонна гӯшт, 347 тонна шир ва 69 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 388,6 млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ 113,3 млн. сомониро дар бар гирифт.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ 81460 тоннаро ташкил намуд, ки аз ин ҳисоб 6016 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот гардид.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ва маҷлиси  ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зиёд намудани майдони кишти такрорӣ ва дар заминҳои обӣ рӯёнидани ду – се  ҳосил ва ба ин восита зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини аминияти озуқаворӣ, ҳифзи бозори истеъмолии кишвар ва пешгирии афзоиши нархҳои маводи ғизоӣ соли ҷорӣ дар майдони 9420 га, кишти такрорӣ гузаронида шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Аз ҷумла ҷиҳати парвариши шолӣ дар шаҳр тадбирҳои амалӣ андешида шуда, иҷрои дурнамои кишти шолӣ 146 фоиз таъмин гардид.

Вобаста ба гузаронидани давраи зимистонгузаронӣ дар соҳа  тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Фермаву качарҳо таъмири ҷорӣ ва ба давраи зимистонгузаронӣ омода гардида, хошоки дурушт 20362 (150%) тонна ва хӯроки ширадор 6795 тонна (100%) захира гардид.

Зимни баррасии соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зикр гардид, ки дар ҳамкорӣ бо бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дахлдор дохилӣ гурӯҳи корӣ таъсис гардида, дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ 171 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

Тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими иҷтимобӣ ба ҳисоб рафта, паҳншавии бемории сироятии коронавирус СОVID-19 ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард. Гуфта шуд, ки ҷиҳати   пешгирии ин беморӣ дар шаҳр ситоди фаврии доимоамалкунанда таъсис гардида,  аз давраи бақайдигирӣ дар беморхонаи марказии шаҳр 709 нафар сироятёфтагон ба муолиҷа фаро гирифта шуданд.

Аз тарафи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эптидемиологӣ, шуъбаи дезинфексяи профилактикӣ, шуъбаи манзилию коммуналию хоҷагидорӣ, ҷамоатҳои деҳот ва иштироки фаъолонаи сокинон бо истифода аз  80 техникаи махсус ва беш аз 900 таҷҳизоти дастӣ корҳои безараргардонӣ сурат гирифт. 

Барои харидорӣ намудани доруворӣ, либоси махсуси тиббӣ, маҳлули антисептикӣ, хокаи гипохлорид, сӯзишворӣ, хӯрока ва безараргардонии сироятӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон зиёда аз 2 млн. сомонӣ ҷудо гардид.

Зимни баррасии соҳаи маориф таъкид шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар назди муассисаҳои таълимӣ сохтмони 85 синфхона идома дошта, дар ибтидои соли хониш 31 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд.

Ҷиҳати оммавигардонии варзиш, таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар шаҳр 173 иншооти варзишӣ амал карда, дар ин давра 219 нафар варзишгарони шаҳр аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  141 медал, аз ҷумла 33 медали тилло, 59 медали нуқра ва 49 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” комиссияҳои шаҳрӣ фаъолият намуда,  дар ин давра    2539 маърака ба аз ҷумла-2294  базми домодию арӯсӣ, 137 маросими чил ва – 108 маросими сол. қайд гирифта шуд.                           

Дар идома раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асозода Нуралӣ ба сухан баромада,   таъкид доштанд, ки дар баробари дастовардҳо дар шаҳр як қатор камбудиҳое мавҷуданд, ки рушду тараққиёити иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро халалдор месозанд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта масъулин муаззаф гардиданд, ки корро дар ҳама самтҳо муташаккилона тақвият бахшида, ҷиҳати ҳалли он тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *