Сокинои деҳаи Регаки деҳоти ба номи Турсун Туйчиеви шаҳри Турсунзода дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро ҷиҳати бунёди майдонҳои варзишӣ дар ҳар як деҳа ва инчунин ташвиқи тарзи ҳаёти солим мавриди татбиқ қарор дода, дастаҷамъона ба бунёди майдончаи варзиши камари ҳиммат баста, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳи майдон раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ширкат варзида, ҷиҳати табиқи созандаи Сарвари давлат ба сокинони деҳа изҳори сипос намуда, ба варзишгарони навраси деҳа туҳфаҳои лавозимоти варзишӣ тақдим кард.