Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, инчунин, иштироки аҳолӣ, корхонаҳои коркарди регу шағал, соҳибкорон ва моликони техникаҳои боркашу борбардор, дар мавсими пастшавии маҷрои об дар деҳоти соҳилнишини шаҳр ҳамарӯза корҳои дастаҷамъонаи соҳилбандӣ идома доранд. Ба иттилои шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри […]
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, канори каналу ҷӯйборҳо, баланд бардоштани маърифати экологии сокинони шаҳр ва ҷалби бештари шаҳрвандон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист дар соҳили дарёҳои Қаратоғу Ширкент ва каналу заҳбурҳои ҳудуди шаҳр аксияи “Тозагии соҳил-2019” гузаронида шуд. Дар рафти тозакориҳо беш аз 1000 нафар […]
Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба буриши санитарии гулҳои мавзеъҳои кабудизори шоҳроҳ ва омода намудани қаламчаи гули садбарг барои мавсими нави кабудизоркунӣ, тибқи талаботи агротехникӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз гардид. Мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз мавзеъҳои гулкорӣ дидан намуда, ба масъулин доир ба тарзи омода намудани замин, буридани гулҳо ва бехи қаламча корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. […]