Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон

print

Ҳамдиёрони азиз!

Варзишгарони гиромӣ

Дар Ватани маҳбуби мо ҳамасола 10-август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон На изображении может находиться: Парвиз Рузиев, в помещениибо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
Таҷлили ин рӯзи муҳимро ба ҳама варзишгарон, собиқадорону мураббиён, кормандони соҳаи варзиш ва кулли ҳамдиёрон табрику таҳният гуфта, саодати рӯзгор ва тансиҳативу хонаободӣ таманно дорем.
Варзиш -гарави саломатии миллат ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти солимии ҷомеа ва тарбияи насли нерӯманд саҳми арзанда дорад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “Варзиш омили тавонои таҳкими дустӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо арзёбӣ мегардад”.

На изображении может находиться: 8 человек, в том числе Абдурозик Азизов, люди стоят и текстДар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи муҳтарам Пешвои миллат дар мамлакат барои пешрафти варзиш шароити мусоид фароҳам омад.
Иштироки варзишгарони мо дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои шоистаи онҳо обрӯю эътибор ва Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории шаҳрвандонро боз ҳам афзун гардонид.
Шаҳри Турсунзода дар қаламрави кишвар ва берун аз он баробари шаҳри саноативу кишоварзӣ будан, ҳамчун шаҳри варзишгарон низ шинохта шудааст. Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар шаҳр беш аз 150 иншооти варзишӣ фаъолият намуда, дар майдону толорҳои варзишӣ ғолибони мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тарбия ёфтаанд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ варзишгарони мо аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 124 медал аз ҷумла, 30 медали тилло, 52 медали нуқра ва 42 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Боварӣ дорем, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардоранд.
Ҳамдиёрони азиз,
Дар баробари варзишгарон садҳо шаҳрвандон бо азми қавию нерӯи болида ва рӯҳияи баланди худшиносиву ватандӯстӣ дар чорабиниҳои Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон иштирок намуда, омодагии худро ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва амалӣ намудани пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат иброз менамоянд.
Бо ибрози ниятҳои нек кулли ҳамдиёронро бо Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, сиҳативу комронӣ ва саодати рӯзгор орзу намуда, ба варзишгарон дар фатҳи қуллаи нав фирӯзиҳо таманно дорем.

Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *