Хабарҳо

СУҲБАТ БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТ

print


Дар ҷараёни вохӯрӣ нахуст Акрамзода Парвиз Акрам бо шароити кори дастгоҳи ҷамоат шиносоӣ намуда, тарзи ҳуҷҷатнигорӣ, қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳрро мавриди таҳлил қарор дода, аз масъулин даъват ба амал овард, ки уҳдадориҳои мансабии худро дар доираи талаботи қонун амалӣ намуда, ҷиҳати баррасӣ ва расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар идома бо риояи талаботи тавсиявӣ миёни Акрамзода Парвиз ва роҳбарияти муассисаҳои таълимию тандурустӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони деҳот суҳбат ороста шуд.
Дар ибтидо вазъи кунунии ҷаҳонро вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус мавриди таҳлил қарор дода, Акрамзода Парвиз Акрам иброз дошт, ки мутаассифона ин вабои аср ба мардуми Тоҷикистон низ зиён расонида, дар кишвар таҳти роҳбарии муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати пешгирии паҳншавии он ва табобати сироятёфтагон тамоми чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Сокинони шаҳри Турсунзодаро мебояд дар пешгирии сироятёбии сокинон талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятиро риоя намуда, тибқи тавсия ва дастури мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал намоянд. Мардум набояд ба таҳлука афтода, ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дода шаванд. Дар ин давраи мушкил ҳар як сокини шаҳр бо риояи талаботи духтурон аз пайи меҳнати софдилона шуда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории аввало оилаи худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар идома вобаста ба тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи Ватанпарварию ҳуввияти миллӣ, омода будан ба хизмати ҳарбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ суҳбат ҷараён гирифт.
Аз фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои созандаву бунёди иншооти ҷашниро муташаккилона вусъат дода, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *