Кишоварзӣ

САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print
(гузоришро инҷо тамошо кунед hhttps://www.youtube.com/watch?v=AaJdI0LV1Ag
Муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва тадбирҳои истифодаи самараноки заминҳо шинос шуда, бо хоҷагидорони шаҳр суҳбат баргузор намуд.
Муовини Сарвазири мамлакатро вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ҳамроҳӣ намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ҳайати кориро бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос карда, қайд намуд, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ, таъмини нақшаи кишт кишоварзони шаҳр меҳнат намуда, бо дарназардошти супориши Ҳукумати мамлакат вобаста ба 60 % зиёд намудани кишти такрорӣ дар шаҳр тамоми чораҳои зарури амалӣ мешаванд.
Дар ибтидо гурӯҳи корӣ бо фаъолияти хоҷагии тухимпарварии “Дӯстӣ”-и ҷамоати деҳоти Қаратоғ шинос шуд. Ба муовини Сарвазири мамлакат ва гурӯҳи корӣ маълумот манзур гардид, ки хоҷагӣ дорои 275 га зхамини корам буда, аз ин ҳисоб хоҷагӣ дар 200 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ мондааст, ки аз ҷумла 20 гектари онро навъҳои таҷрибавӣ дар бар мегирад. Дар замини боқимонда сабзавот, ғалладонагиҳо, шолӣ, хӯроки чорво ва ғайра кишт мегардад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорони ҷамоати деҳоти Сешанбе гурӯҳи корӣ бо рафти кишти такрорӣ аз ҷумла кишти шолӣ дар ҶСК “Ҳақиқат” шинос гардид. Хоҷагии мазкур кишти асосӣ ва такрории шолиро ба 40 га расонида, бо усули кӯчонидани ниҳол павариши шолиро вусъат медиҳанд.
Дар идома ба гурӯҳи корӣ аз рафти ғунучини хӯроки чорво ва ҷамъоварии ғалла дар ҶДММ “Агросаноат” маълумот манзур гардид. Хоҷагии мазкур асосон ба парвариши чорвои калони шохдори зоти сименталӣ машғул буда, шумораи чорво и хоҷагӣ 910 сарро ташкил намуда, шабонарӯзӣ дар хоҷагӣ беш аз 9,5 тонна шир истеҳсол мегардад.
Зимни таҳлили парвариши сабзавоти барвақтӣ ба гуруҳи маълумот манзур гардид, ки дар шаҳр беш аз 17 гектар гармхонаи доимӣ ва зиёда аз 350 га гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият дошта, дар он помидор, бодиринг, булғориву боимҷон ва ғайра парвариш ёфта, ба бозори истеъмолии мамлакат бароварда мешавад. Гурӯҳи корӣ дар ин замина аз хоҷагии “Бибимарям” дидан намуда, бо усули парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои доимиву мавсимӣ шинос шуданд.
Дар токзорҳои “Боғи Сомон” ва “Ватан” гурӯҳи корӣ бо нашъунамои ангур шинос шуда, аз ҷумла токпарварони хоҷагиҳои мазкур қайд намуданд, ки аангур дар давраи хуби нашъунамо қарор дошта, соли ҷорӣ низ ҳосили дилхоҳ ба даст хоҳанд овард.
Дар рафти боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Қаратоғ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов шинос шуд. Дар ин мавзеъ хоҷагии деҳқонии “Ватан” дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Шуъбаи ҳолатҳои фавқулдодда ва мудофиаи граждании шаҳр тақриби 3 км соҳили дарё мустаҳкам гардонида шуд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳо муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ҷиҳати боз ҳам вусъат додабо хоҷагидорон суҳбат ороста, ни кор дар саҳро ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озқаворӣ ба хоҷагидорон тавсияҳоии муфид пешниҳод намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *