Ҷавонмардони шаҳри Турсунзода дари хайру эҳсонро боз намуда, ҷиҳати дастгирии табибони беморхонаҳои шаҳр, ки бо бемории маргбори коронавирус даст ба гиребон ҳастанд, амалҳои хайру эҳсон менамоянд. Ҳамзамон сироятшудагон, хонаводаи онҳо ва оилаҳои ниёзманд ба кӯмаку мадад фаро гирифта мешаванд. Эҳсони навбатӣ аз номи яке аз оилаҳои фаъоли шаҳр – оилаи Атохоҷаевҳо ба беморхонаҳои шаҳр расонида шуд, ки аз 2 мошинаи ҷомашӯӣ, 4 дарзмол 2000 ниқоб 2000 дастпушаки тиббӣ, 2000 антисептик, 100 айнак, 50 бастаи либоси махсуси тиббӣ, 200 литр равғани растанӣ ва теъдоди дигар маводи тиббӣ иборат аст. Маводҳои мазкур ба беморхонаҳои шаҳр тақдим гардида, аъзои оилаи Атохочаевхо, Иззатулло Атохоҷаев иброз дошт, ки рӯзҳои наздик эҳсони навбатии хонадони Атохоҷаевҳо аз ҷумлаи маводи аввалияи ғизоӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва оилаҳои ниёзмандон расонида мешавад.
Сабтҳои охирин
МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ
Санаи 4-уми майи соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиноҳои Шуъбаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», амри Раиси шаҳри Турсунзода №150, аз 11 декабри […]
Пиари сиёҳи Кабирӣ аз бемории Иброҳими чорсола
Дар деҳаамон мӯйсафеде буд ва ҳар гапу коре боиси тааҷҷубаш мегашт, ҳамон лаҳза мегуфт: «Бобо намурд, дар ин зиндагӣ ҳамаи балоро дид». Чун ҷавонтар будам, ба умқи ин сухан намерасидам. Ҳикмати баландашро тадриҷан дарк карда истодаам. Чанд рӯз пеш Кабирӣ бо истифодаи таҷрибаи пирони наҳзатиаш ва роҳнамоии хоҷагони маънавиаш мехост боз ҷамъе равшанфикрони тоҷики дар […]
ХИЁНАТИ ДУКАРАТАИ НАҲЗАТ (Ё балвои риш)
Генерал Андрей Власов, командири дивизияи Волхови Қӯшунҳои шӯравӣ, ки зиёда аз 20 ҳазор афсару сарбозонро тобистони соли 1942 ба фашистҳои дар м.Мясной Бори вилояти Ленинград фурӯхт, нишонаи олии разолат ва хиёнати як афсари олирутба аст, ки ҳар вақте ки сухан аз муҳорибаҳои қаҳрамонони шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳарф мезананд, аз аъмоли хиёнатгустари Власов,