Хабарҳо

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

print

 Таҳти раёсати Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода  маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор шуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои матраҳгардидаи маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин радиф вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, иҷрои нақшаи буҷет анҷоми корҳои баҳорӣ,  андешидани чораҳои санитарӣ гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Дар ибтидо раиси шаҳр таъкид дошт, ки дар маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ҷалб намуданд.

Аз ҷониби Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами иқтисоди миллӣ доир ба ҷорӣ намудани сабукиҳо ва имтиёзҳои андозиву қарзӣ барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳибкории хурду миёна, табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва соҳаҳои осебпазири иқтисодиёт чораҳои мушаххас андешида шавад.          Ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат масъулин муаззаф гардиданд, ки дар самти  истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо ва беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ, танзими бозори асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, таъмини фаъолияти босуботи бонкҳо, пешниҳоди сабукиҳои қарзию бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад.

Масъалаи муҳим зимни суханрониҳои муҳтарам Пешвои миллат асосан вобаста ба пешгирии хурӯҷи пандемия дар ҷаҳон буда, таъкид гардид, ки ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид нагардидани ин вабо аз ҷониби ҳар як масъулин мебояд тамоми чораҳои иловагӣ андешида шавад. Масъулинро мебояд корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ дар вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ масъулин ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва ҷамоавиро саманранок истифода барад.

   Дар заминаи дастуру супоришҳои муҳтарам Президенти кишвар раиси шаҳри Турсунзода иброз дошт, ки бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиюпидемикӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ва вусъат бахшидан ба корҳои кишоварзӣ, иҷрои босифат ва саривақтии буҷетӣ амри раиси шаҳри Турсунзода аз 16 апрели соли 2020 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани ситоди фаврии доимоамалкунанда дар шаҳри Турсунзода” ба тасвиб расид.

 Раис шаҳр масъулинро вазифадор намуда, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар  дар тамоми корхонаву ташкилоти шаҳр ситодҳои фаврӣ ташкил гардад.

– Масъулинро мебояд бо ҷалби сохторҳои маҳалии маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон, эҷодкорон, фаъолони ҲХДТ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ходимони дин гурӯҳҳои кориро ташкил намуда, вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасону ҷамоавӣ бо усули гардиши хона ба хона дар ҳар як маҳали аҳолинишин корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат дода шавад,-илова намуд, Абдуқодир Вализода.

Илова бар ин, раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба  идомаи ободонию кабудизоркунӣ ва корҳои созандаву бунёдкорона ҷалб намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ масъулинро мебояд тадбирҳои иловагӣ андешанд.

 КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *