Хабарҳо

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ ХОНА БА ХОНА

print

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати андешидани чораҳои санитарию гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус  амри раиси шаҳри Турсунзода аз 16 апрели соли 2020 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани ситоди фаврии доимоамалкунанда дар шаҳри Турсунзода” ба тасвиб расид.

Дар ин замина  нақша ва гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзод  таъсис гардид, ки ба он кормандони бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони соҳаи тандурустию маориф, ваекилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ҷамоатҳо, раисони маҳаллаву ходимони дин ва ҷавонони фаъол  шомил мебошанд. Гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани тавсияҳои мутахассисон  баҳри муҳофизат аз ин беморӣ бо усули хона ба хона ҷараён дорад.  Дар ин замина аъзои гурӯҳи корӣ аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки вобаста ба шароити ҳассосу ташвишовар, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон одамон ба мушкилоти вируси COVID -19  рӯба рӯ гардидаанду ҳазорон нафари дигар аз ин дард фавтидаанд,  бояд  масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода,  қоидаҳои гигиенаи шахсиро ҳатман риоя намуда,  тозагии  манзилу муҳити зистро  таъмин намоянд.

Дар давоми корҳои фаҳмондадиҳӣ инчунини таъкид карда шуд, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар як сокини шаҳрро мебояд заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасону ҷамоавиро оқлона истифода бурда, ҷиҳати гирифтани 2-3 ҳосил маҳсулоти кишоварзӣ кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Тибқи нақша дар ҳама ҳудудҳои маъмурӣ шахсони масъул бо вазъи манзилҳои истиқоматӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, дар ҳудуди шаҳр маъракаи безараргардонӣ пурзӯр карда шуд.

Ҷиҳати корҳои таблиғотӣ донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва волантёрони ҷавон низ фаъолона ширкат варзида, зери аксияи “Худ ва аҳли оилаатро аз бемориҳои сироятӣ ҳимоя намо” беш аз 34500 варақаҳо тавсиявиро ба сокинон таксим намуданд.

Дар ин раванд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии соҳибкорону эҳсонкорон дар кӯчаву деҳа ва муассисаву корхонаҳо дастурҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус насб ва ба оилаҳои ниёзманд маҳлули спиртӣ, хлор, собун, ниқобҳо ва дигар маводи зарурӣ тақсим гардид.

Чунин суҳбату вохӯриҳо инчуин дар тамоми деҳаҳои ҷамоатҳои деҳот идома дода мешавад.

 КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *