Экология

ОБОДОНИИ МУҲИТ АЗ МАЪРИФАТИ ШАҲРДОРИСТ

print

 Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, инчунин амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати гузаронидани маъракаи умумишаҳрии кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар давраи солҳои 2019-10 2020,  нақшаи баргузории аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил – 2020»  дар хамкорӣ бо корхонаву ташкилот ва муассисаҳои ҳудуди шаҳр як қатор корҳои ободониро амалӣ намуд.

Дар доираи баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода таҳти шиори «Саҳми ман дар шаҳри ман» ҳашари ҷавонон баргузор гардид, ки ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ба ҳашар баромада, шафати роҳро аз партовҳои гуногун тоза намуданд. Инчунин атрофи дарахтони ороишӣ нарм ва қитъаҳои гулкорӣ аз алафҳои бегона тамиз гардид. Бо мақсади иҷрои нақшаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар ҳамкорӣ бо бахш инчунин таҳти шиори «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардида, дар маркази шаҳр, ҳудуди шоҳроҳ ва ҷамоатҳои деҳот беш аз 300 ниҳоли дарахтони сояафкан, гулҳои садбарг ва дигар гулҳои мавсимӣ шинонида шуд. Дар маркази шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ корҳои ободонӣ ҷараён гирифта, нарму сафед намудани атрофи дарахтони ороишиву сояафкан, шинонидани гулҳои гуногун ва тоза кардани қитъаҳои гулкорӣ амалӣ гардида, беш аз 75 ниҳоли арча шинонида шуд. Дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Регар бо ташаббуси шуъба ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳа соҳили дар соили дарёи Ширкент ҳашари соҳилмустаҳкамкунӣ  доир гардид. Зимни баргузории чорабиниҳои ободониву тамизкорӣ кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти инчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати эколгии сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуданд.

САМТИ ТАТБИҚИ СИСЁСАТИ ЭКОЛОГИИ ШҲМЗ-и ш. ТУРСУНЗОДА

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *