Дар чунин шароити бесару сомон ва ноамн байни кишварҳои дунё Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну суббот шинохта шуда, диққати меҳомонони дохиливу хориҷро ҷалб менамояд.
Табиати нотакрор, сулҳу субботаш ва ҳавои софу беғубораш ҷаҳонгардонро мафтун намуда, дубора онҳоро водор месозад, ки ба кишвари мо баргашта, аз тамошояш ба ваҷ биёянд.
Бинобар, заҳмати шабонарӯзии мақомотҳои дахлдори мамлакат дар Тоҷикистон амн пойдор буда, аз он омӯзиши марказҳову ташкилотҳои таҳлиливу тадқиқотӣ оид ба амну суббот шабоҳат медиҳанд.
Маркази таҳлилии Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми амнтаринҳо ҷой додаст.
Дар ҳақиқат, солҳои охир ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои амтарини рӯи замин шинохта баҳои баланд доданд, ки ҳатто бисёре аз кишварҳои дунё ба шаҳрвандонашон барои сайёҳату истироҳат Тоҷикистонро тавсия ва пешниҳод менамоянд.
Ҳамзамон, шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон солҳои охир афзудааст. Аз руи маълумотҳо танҳо дар соли2018 наздикии як миллион сайёҳ ба кишвари мо ташриф овардааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар баробари Маркази таҳлилии Gallup маҷаллаи бритониёии Global Finance низ дар як раддабандӣ Тоҷикистонро кишвари амни Осиёи Марказӣ донистааст.
Бояд мо тоҷикистониён аз тинҷиву оромии кишвар миннатдорӣ намуда, баҳри боз ҳам оромӣ ва гулгулшукуфоии мамлакат саҳмгузор бошем. Тоҷикистон ба пеш!
Комрони Дилбарзод