Нуқтаи назар

ЗИРАКИИ СИЁСӢ – КАФИЛИ АМНУ ОСУДАГИИ МАРДУМ

print

Собит гардида, ки худшиносии миллӣ бузургтарин ҷанбаи маънавии ташаккули минбаъдаи миллат, асоси ваҳдату пойдории он, таъмингари қудрату тавоноии мамлакат, амну осоштагии мардум ва пешрафту тараққии давлат аст. Дар ҳар давлате, ки дар он фазои амну субот вуҷуд дорад, мардумаш зиндагии осуда дорад ва дар ҳар кишваре, ки сулҳу салоҳ ҳукмфармо бошад, Худои таоло файзу баракаташро арзонӣ дошта, ба мардуми он ризқу рӯзии фаровоне ато менамояд. Дар ҳар мамлакате, ки фазои амн вуҷуд дошта бошад, сарзаминаш сарсабзу хуррам, шаҳру ноҳия ва деҳоти он обод ва мардумонаш осуда умр ба сар бурда, машғул бо касбу кори дилхоҳи хеш мебошанд, инчунин фарзандони ингуна сарзамин дар мактабҳо таҳсили илм намуда, олимонаш баҳри пешравӣ, тараққиёти минбаъдаи кишвар аз пайи омӯзиши илм ва кашфу ихтирооти нав мегарданд, ризогии Парвардигор ва раҳмату мағфирати Ӯ ба ин гуна диёр арзонӣ мешавад.

Аммо дар сарзамине, ки миёни мардумонаш фазои кинаву адоват, бадбинӣ, ифротгароиву тафриқаандозӣ мавҷуд бошад, оқибат дар ин ҷо низоъ сар мезанад, шаҳрҳои вайрон, деҳаҳои хароб, ҳазорон куштаи бегуноҳ, садҳо ҳазор гуреза ба назар расида, ашки ятимон, гиряи модарон ба фалак мепечад ва нолаву зории мазлумон ҷониби Худованд нигаронида мешавад…

Имрӯз чашми мардуми олам ба тақдири давлатҳои ҷангзада ба мисли Сурияву Ироқ, Афғонистону Либиё ва мардуми ин кишварҳо нигаронида шудаанд, ҳамарӯза садҳо ҳазор гурезагон аз ин кишварҳо ҳиҷрат мекунанд. Эшон талош менамоянд, то ҷони худ ва фарзандонашонро аз доми гуруснагиву қашшоқӣ ва даҳшати ҷанг раҳо созанд.

Фаромӯш набояд сохт, ки маҳз иғвоангезии иддае аз гурӯҳи нохалафон боис гашт, ки кишварҳои обод ба харобазор табдил ёбад. Мутаассифона мардуми Ироқу Либиё низ ба макру фиреби дасисабозон бовар намуда, гумон кард, ки агар Саддом Ҳусайн ва Муаммар Қаззофӣ ва дигар роҳбарони давлат аз мансаб раванд, мароми зиндагӣ беҳтар хоҳад шуд. Вале бо гузашти замон маълум гардид, ки «давлатҳои хайрхоҳи мардум» чи ҳадафҳое доштанду мардуми Ироқу Либиё аз кардаи худ пушаймонанд. Давлатҳои манфиатҷӯ тавонистанд дар Ироқ сунниро муқобили шиа ва дар Сурия халқи мусулмони онро зидди президенти он-Башшор Ҳофиз Асад, ба по хезонанд ва дар ин ду давлат ташкилоти ифротию террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳату-н-нусра» «Аш-шабоб» ва «Ҳизбу-т-таҳрир»-ро рӯи кор биёранд

Имрӯз ҳама огоҳанд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи ғаразнок ва манфиатхоҳ даъво аз диндорӣ намуда, дар талошу кӯшиши онанд, ки ба шуури мардуми кишвари мо, бахусус ҷавонон, таъсир расонида, оромиву осудагиро барҳам зананд. Ба осоишу амнияти кишварамон халал ворид созанд ва тухми нифоқу парокандагиро миёни мардуми осудаи Тоҷикистон пош диҳанд. Хусусан насли ҷавонони мо, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд, ҳадафи мақсадноки ин идда гурӯҳҳо ва мубаллиѓону ташвиқгарон маҳз онҳо мегарданд. Ин ҳам ба он хотир аст, ки маҳз ҷавонон аз иллати камтаҷрибагӣ ва ноогоҳ будан, зуд ба доми макру ҳиллаи фитнаангезон меафтанд.

Тибқи ахбори расонаҳо ҷавонони зиёди фиребхӯрда дар ҷангҳои мазҳабӣ ва қавмиву сиёсие, ки дар баъзе давлатҳои мусулмонӣ ба хотири ба даст овардани қудрат идома дорад, ширкат кардаву бархе кушта ҳам шудаанд. То ҳоло хабари кушташудани ҷавонписарони тоҷик дар Идлиби Сурия ба гӯш мерасад. Аксари ҷавонони Тоҷикистон худсарона, бидуни ризоияти падару модарони худ, ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, волидони эшон бошанд, аз ин амали ношоистаи фарзандонашон изҳори нигаронӣ карда, хиҷолатманду андуҳгин мебошанд.

Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ қиссаеро мутолиа намудам, ки ҳеҷ наметавонад аз лавҳи хотирам зудуда гардад. Зани роҳгумзадае, ки ба Сурия рафта, бо сад азобу шиканҷа аз он ҷо фирор карда ба Ватан баргаштааст, сарсону фирефта шудан ва шунидаву дидаҳои даҳшатборашро тавассути ҳафтаномаи «Тоҷикистон» баён доштааст. Ин зани фиребхӯрда қисса мекунад, ки тавассути шахсони алоҳида маѓзшӯӣ шуда, ба доми фиребгарон афтода, ду маротиба маҷбуран ба шавҳар баромадааст. Ӯ мегӯяд: «Ба Сурия наравед! Он ҷо ба ҷуз зӯроварӣ, даҳшат ва одамкушӣ чизи дигаре нест! Ҳатто дастрас намудани оби ошомиданӣ ѓайриимкон аст, дар ҳама ҷо гуруснагӣ, ташнагӣ ва даҳшати ҷанг ҳукмфармо аст. Пулу мол ва хона медиҳем гуфта, одамонро фиреб медиҳанд. Ба такрору боисрор мегӯям, ки Тоҷикистони мо биҳишт аст, обу ҳавояш, гулу гиёҳаш, тамоми мавҷудоташ хеле нодир ва нотакрор аст». Ин гуфтаҳо ҳақиқати талх ва ҳушдоре мебошад, барои тамоми он ноогоҳоне, ки мубаллиѓони фитнаангез ба онҳо иштирок намудан дар амалҳои нангини куштори мардуми бегуноҳ ва даст доштан дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои исломиро ҳамчун «ҷиҳод» маънидод намудаанд.

Аз иттилоот ва наворҳои воситаҳои ахбори омма огоҳ мегардем, ки садҳо ҳазор гурезагон аз Ироқ, Сурия, Либия, Тунис ва дигар кишварҳои ҷангзада, барои наҷоти худ ва наздиконашон тавассути Баҳри Миёназамин ба кишварҳои Аврупо мераванд ва дар роҳ ҳазорон нафарашон ѓарқ гашта, қисмати дигари онон бошанд, дар сарҳадот сарсону саргардон, на ҷои зист доранду на обу маводи хӯрока. Табиист, ки кишварҳои аврупоӣ низ тамоми гурезагонро қабул карда наметавонад, бинобар ин, гурезагонро дар лагерҳои муваққатӣ нигоҳ медоранд.

Албатта, ин азобу шиканҷа ба хотири он аст, ки ин мардум ба қадри сулҳу салоҳ ва тинҷиву оромӣ нарасида, дар натиҷаи ташвиқоти бардурӯѓ дар гирдиҳамоиҳо ширкат намуданд ва ба гуруҳҳои ба ном исломӣ пайваста ба онҳо эътимод намуданд, ҳукумату роҳбарони кишвари худро золиму беадолат хонданд ва дар натиҷа имрӯз бар сари худу миллати хеш бадбахтиҳоро фурӯ рехтанд.

Бояд гуфт, ки таҷрибаи талхи ин кишварҳо дар баробари дигар мардуми олам барои мо тоҷикон низ намунаи ибрат мебошад. Мо бояд ба қадри тинҷиву осудагӣ ва муҳиту фазои ором бирасем ва шукронаи давлати ободамонро намоем, дар хотир дошта бошем, ки имрӯз барои зиндагонии шоиста, таҳсилу табобат ва ба таълим фаро гирифта шудани кӯдакон, насли наврас ва ҷавонони диёри мо тамоми шароити моддиву маънавӣ фароҳам оварда шудааст.

Моро зарур аст, ки ба ҳамагон қадру мақоми зиндагии осоиштаро фаҳмонем. Мардумро огоҳ созем, ки қадрношиносӣ аз арзишҳои миллӣ, носипосӣ ва ифротгароӣ ба нооромӣ ва қатлу куштор, харобии хонаву остон, мусофирату оворагӣ ва дурӣ аз Ватан оварда мерасонад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки таблиѓоти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ комилан дурӯѓ буда, ҳадафи онҳо барангехтани низоъ дар асоси ѓаразҳои сиёсӣ, муқобил гузоштани мусулмон бар зидди мусулмон, инсон бар зидди инсон ва дунёхоҳӣ мебошад. Ҳадафу мақсадҳои ин гурӯҳҳо ҳаргиз бо фармудаҳои Худованд ва шариат созгор нестанд, бо он хотир, ки Худованд ҳамеша хостори аз тарафи бандагонаш анҷом додани корҳои хайру наку, ободсозӣ, раҳму шафқат ва дӯст доштани бародарони муъмин мебошад. Шариати ислом вайронкориҳо, бераҳмиву ваҳшоният, носипосӣ ба неъматҳои Худованд ва куштори инсонҳоро маҳкум менамояд.

Имрӯз шароити ҷаҳони муосир ва хатарҳои аёну ниҳони сиёсатҳои печида моро водор месозад, ки беш аз ҳама вақт зирактар бошем, зеро гурӯҳҳои алоҳидаи ѓаразнок, ба монанди наҳзатиҳо ва давлатҳои манфиатхоҳи гуногун мехоҳанд, ба осоишу амнияти мо халал ворид созанд ва тухми нифоқу парокандагиро дар байни мо бикоранд.

Моро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими Истиқлолияти миллӣ, амнияти саросарии кишвар ва билохира барои ҳимояи зиндагии амну осудаи хонадони худ бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои нави зараровар мубориза барем.

Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ин вазъияти ҳассос дар қатори аҳли зиё ва волидону омӯзгорон, аз олимону ходимони дин низ изҳори умедворӣ намуданд, то барои таъмини амну осоиштагии кишварамон бо истифода аз имкониятҳои фикриву зеҳнии хеш дар ҳалли масъалаҳои мубрам саҳм бигиранд ва мардумро ба амалҳои нек, таҳаммулгароӣ ва сулҳу субот даъват намоянд.

Бинобар ин, мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд, ки қотеона ба ақидаҳои зулмофару харобиовар, даъватҳои хилофи хостаю фармудаҳои Худованд ва ҳидоятҳои дини мубини ислом муқовимат ва вокунишҳо нишон диҳанд.

Мо бояд бо шукргузориҳо аз зиндагии амну осоишта дар Ватани маҳбубамон атрофи Сарвари давлатамон муттаҳид шуда, нагузорем, ки душман ватани моро ба вартаи ҳалокат афканад. Бояд фаромӯш насозем, ки пешрафту тараққиёт, ояндаи неки фарзандон аз осмони софу беѓубор, фазои амну осоишта вобастагӣ дорад. Бо ифодаи дигар, метавонем бо дилпурӣ бигӯем, ки тақдирсозони миллат, ояндасозони кишвар ва таъмингарони фазои орому осудаи Ватани азизамон мову фарзандони мо, насли имрӯза ва созандагони ҳушёру бофарҳангу ҳушманди оянда мебошанд. Пас месазад, ки зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем, то таъминсозандагони амну осудагии Ватан ва мардуми он бошем!

Аҳлиддин ОДИНАЕВ,

мудири бахши дин, танзими анъана

ва ҷашну маросими МИҲД-и ш.Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *