Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Таҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр дар 9 моҳи соли ҷорӣ чораҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Соли равон бо шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр 320 вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳо бо аҳолӣ баргузор шуд. Инчунин вобаста ба тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ба кор оғоз намудани агрегати дуюми НБО “Роғун” миёни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, 28 озмуну фестивал ва 219 чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар нуҳ моҳи соли равон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 3 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 48 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95 бандҳои супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 607 мактуби ҷумҳуриявӣ, 433 супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1125 мактуби ноҳиявӣ (дохилишаҳрӣ), 188 барқия ва 4375 аризаҳои шаҳрвандон ворид шудааст.
Оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон 1145 қарор ва 140 амрҳои раиси шаҳр ба тасвиб расид. Барои баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва аризаҳо рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, 376 нафар шаҳрванд оид ба масъалаҳои ҷойдошта муроҷиат намуда, 93 муроҷиати дигари шаҳрвандон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр кӯшиш ба харҷ дода, ба як қатор натиҷаҳо ноил гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 1 млрд. 784,7 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 191,3 млн. сомонӣ (12 фоиз) зиёд мебошад.
Дар ин давра соҳаи саноат – 23,5 фоиз, кишоварзӣ – 3,4 фоиз, савдо – 9,7 фоиз, соҳаи хизматрасонии пулакӣ – 10,3 фоиз ва сохтмон 1,2 фоиз афзоиш ёфт.
Афзоиш ёфтани ҳаҷми мол, кор ва хизматрасонии истеҳсолшуда барои рушди соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла ба афзоиши қисми даромади буҷет замина гузошт.
Қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 93,8 фоиз иҷро гардида, 110 млн. сомонӣ ворид шуд. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷетро Нозироти андоз –91,4 фоиз ва Нозироти андозсупорандагони калон – 100,6 фоиз иҷро намуданд.
Буҷети маҳаллӣ бошад, 92 фоиз иҷро гардида, 89,7 млн. сомонӣ ворид шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 қисми хароҷоти буҷет ба андозаи 87,5 фоиз иҷро гардид.
Дар ин давра аз ҳисоби буҷет 89 млн. 956,9 ҳазор сомонӣ хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ маблағгузорӣ шуда, 97,1 фоизи он барои пардохти музди меҳнат равона гардид.
Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии оилаҳои камбизоат ба 731 нафар 39750 сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина расонида шуд. Инчунин, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷиҳати пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ 389,5 ҳазор сомонӣ пардохт гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ба шахсони маъюб ва эҳтиёҷманд 15 аробачаи маъюбӣ, 3 таҷҳизоти ҳаракаткунанда, 22 асо, 4 асо то оринҷ, 9 ҷуфт асобағал ва 1 дастгоҳи шунавоӣ ҷудо карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва пардохти нафақа чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Дар шаҳр шумораи нафақахӯрон 23706 нафар мебошанд, ки талаботи умумӣ барои пардохти нафақа 67 млн. 304,6 ҳазор сомониро ташкил дода, пурра маблағгузорӣ карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1274 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, 540 нафари онҳо дар соҳаҳои гуногун бо кор таъмин гардиданд.
Дар шаҳр 8 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 89 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 14880 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, бозгашти онҳо 810 нафарро ташкил дод, аз ҷумла шумораи он шаҳрвандоне, ки ворид шуданашон (депортатсия) ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст, 354 нафарро дар бар мегирад .
(Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ шумораи муҳоҷирон – 14126 нафарро ташкил медод).
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳисоби пули миллӣ 844,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии аҳолӣ аз тарафи филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба маблағи умумии 162,1 млн. сомонӣ қарзҳо ҷудо карда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 млн. 31 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Яке аз соҳаҳое, ки ба рушди иқтисодии шаҳр замина гузошт, ин соҳаи саноат, сохтмон, энергетика ва нақлиёт мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 621 млн. 229,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 млн. 281,7 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин, ки 23,5 фоиз зиёд аст. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ҳаҷми 317 млн. 835 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн. 931 ҳазор сомонӣ зиёд ё 100,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани беш аз 310 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар давоми соли 2018 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ 123 иншоот ба истифода дода шуд. Аз ҷумла:
Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов:
-15 сардхона бо ғунҷоиши 1190 тонна маҳсулот;
-мағозаи фурӯши тухмии маҳсулот, нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоти кишоварзӣ;
– нуқтаи таъмири мошинҳо дар деҳаи Заркамар;
– чойхонаи миллӣ дар деҳаи Тоиб Тӯйчиев;
– мумфарш намудани роҳ ба масофаи 1,1 км;
– иваз анмудани болопӯши биноҳои МТМУ №№ 5, 8.
Дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ:
– хонаи саломатӣ;
– 4 синфхонаи иловагӣ;
– 1 ҳамом;
– кашидани хати оби нӯшокӣ ба масофаи 3 км;
– 1 толори варзишӣ;
– 1 мағоза.
Дар ҷамоати деҳоти Навобод:
– нонвойхона;
– 10 синфхонаи иловагӣ;
– сохтмони муассисаи ибтидоӣ;
– азнавсозии МТМУ №11;
– таъмири роҳ ба масофаи 1,5 км;
– иҳота намудани гирду атрофи қабристон;
– сартарошхона;
– кошонаи ҳусн;
– ҳоҷатхона дар шафати шоҳроҳ;
– маркази саломатӣ;
– нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ;
– азнавсозии бинои МТМУ №26;
– сартарошхона;
– ошхона;
– дорухона.
Дар ҷамоати деҳоти ба номи Т. Туйчиев:
– 3 синфхонаи иловагӣ;
– 2 адад пул;
– 6 бунгоҳи тиббӣ;
– сехи дӯзандагӣ;
– таъмири варзишгоҳ;
– 2 толори варзишӣ;
– мумфарш намудани роҳ ба масофаи 2,6 км;
– баровардани об аз чоҳи амудӣ;
– 2 сартарошхона;
– мағоза;
– таъмири ҷории роҳ;
– кашидани хати об;
– мағозаи фурӯшӣ хӯрокворӣ;
– чойхона;
– 2 адад истгоҳ;
– нуқтаи таъмири мошинҳо;
– нуқта фурӯши хӯроки тезтайёр;
– рақамгузории хонаҳои истиқоматӣ;
– 2 адад гармхона.
Дар ҷамоати деҳоти Регар:
– мағоза дар деҳаи Байналмилал;
– баровардани оби нӯшокӣ;
– фермаи мурғпарварӣ;
– маркази саломатӣ;
– мағозаи хӯрокворӣ.
Дар ҷамоати деҳоти Сешанбе:
– варзишгоҳ дар деҳаи Иброҳим Бозоров;
– хати оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Боғбон ва Баҳористон;
– насби як адад трасформатор дар деҳаи Баҳористон;
– қумфарш намудани роҳ ба масофаи 1,2 км;
– маҳкам намудани гирди мактаби деҳаи Боғбон;
– ҳоҷатхона дар шафати шоҳроҳ;
– болопӯш намудани бинои муассиса;
– сохтмони 2 пули мошингузар.
Дар ҷамоати деҳоти Работ:
-пули мошингузар дар деҳаи Ширкент;
-толори варзишӣ дар деҳаи Қипчоқ;
– бунгоҳи тиббӣ;
– 9 синфхонаи иловагӣ;
Дар ҷамоати деҳоти Пахтаобод:
– хати оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Шифокор, Пахтакор ва С.Раҷабов;
– сехи дузандагӣ;
– сартарошхона;
– толори варзишӣ;
– мағозаи хӯрокворӣ;
– нуқтаи шустушӯи мошинҳо;
– баровардани об аз чоҳи аммудӣ.
Дар ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият:
– сохтмони ҳамом дар деҳаи Исмоили Сомонӣ;
– сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи Бахтовар;
– толори варзишӣ дар деҳаи Хуррамзамин;
– маркази хизматрасонӣ;
– азнавсозии муассисаи таълимии №111
– китобхона;
– дорухона;
– 2 сартарошхона;
– нуқтаи таъмири мошинҳо.
Дар маркази шаҳр:
-маркази ташхисию табобатӣ;
– 6 бинои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор;
– 4 майдончаи варзишӣ;
– сартарошхона;
– 2 майдончаи бозиҳои кӯдакона;
– маҷмаа бо фавора дар маркази шаҳр
– маҷмаа бо рамзи ТАЛКО;
– барқарор намудани роҳи даврашакл дар маҳаллаи 1;
– барқарорсозии муҷасамаи Модари қаҳрамон.
Дар шаҳр 281,9 км. роҳи автомобилгард мавҷуд буда, роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ -22,8 км, аҳамияти ҷумҳуриявидошта – 5,9 км ва роҳи маҳаллӣ – 253,2 км мебошанд. Дар соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 11,3 км роҳ пурра мумфарш гардида, 71 км роҳи ҳудуди шаҳр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Дар ин давра 198,9 млн кВ/соат қувваи барқ қабул гардидааст, ки дар ҳамин давраи соли 2018 қувваи барқи қабулгардида ба 174,3 млн кВ/соат баробар буд. Маблағи ҳисобшуда дар ин давра 37 млн. 882 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки маблағи пардохти он ба 31 млн 133 ҳазор сомонӣ ё 82,2% баробар мебошад.
Талафоти қувваи барқ бошад, 12,6% мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 % кам мебошад.
Тибқи ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд ва Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми шаҳр, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонӣ ва безараргардонии партовҳо (тозагии санитарӣ), инчунин барқароркунии системаи иншооти обтаъминкунӣ дар шаҳри Турсунзода ду лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр аз хизмати коммуналӣ, ҷамъоварии маблағи пардохти партовҳои сахти маишӣ мувофиқи нақша 2 млн 940 ҳазор сомонӣ буда, аз он 3 млн 445 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд, ки ин 117,2% ро ташкил медиҳад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 422,1 млн. сомонӣ маҳсулотҳои кишоварзӣ истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 млн. сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 329 млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ 39,1 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони шаҳр сабзавот 77 ҳазору 582 тонна, ғалладона 34 ҳазору 956 тонна, картошка 9132 тонна, полезӣ 3467 тонна, меваҷот 2927 тонна, ангур 15 ҳазору 632 тонна, гӯшт 3231 тонна, шир 21 ҳазору 303 тонна, пилла 12,1 тонна, пашм 63 тонна, асал 14,4 тонна ва тухм 2 млн 591 ҳазор дона истеҳсол гардидааст.
Оид ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2015 ҷиҳати рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар заминҳои лалмӣ ва таллу теппаҳо 45 га. боғу токзорҳо бунёд гардид, ки аз он 8 га токзор ва 37 га боғ мебошад.
Аз тарафи Кумитаи идораи замини шаҳр ба ҳолати 1 октябри соли 2019 ҳамагӣ 151 ҳолати қонунвайронкунӣ дар майдони 30,04 га. замин муайян карда шуд. Дар ин самт нисбат ба 134 нафар дастур дар майдони 29,33 га. тартиб дода шудааст. Маблағи умумии ҷарима 63 ҳазору 115 сомониро ташкил дода, ба буҷаи давлат 48 ҳазору 751 сомонӣ ворид шуд. Дар ин давра аз тарафи Кумита 11 мавод ба Прокуратураи шаҳр барои додани баҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардид.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар майдони 13 ҳазору 259 га. шартнома баста, истифодабарандагонро бо 94,3 млн. куб об таъмин карда, 1 млн. 786 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ кард. Ҷиҳати дар муҳлати зиёд ва беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот дар ҳудуди шаҳр 24 сардхона бо ғунҷоиши 5400 тонна фаъолият менамояд.
Кирмакпарварони шаҳр соли ҷорӣ ҷиҳати таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ 300 қуттӣ тухми кирмак ворид намуда, ба миқдори 12100 кг пилла истеҳсол намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки хоҷагидорон дар майдони 1520 га пунбадона кишт карда, ҷамъоварии пахта то имрӯз беш аз 850 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварии ҳосил идома дорад.
Бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳр соли равон 32 ҳазору 908 бех ниҳол шинонида шуд. Аз ҷумла, 24 ҳазору 263 бех ниҳол сояафкан ва ороишӣ, 8 ҳазору 645 бех дарахтони мевадиҳанда ва 161 ҳазору 737 бех гулҳои садбарг ва мавсимӣ шинонида шуд.
Соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар давраи ҳисоботӣ фаъолиятро ҷиҳати иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои раиси шаҳр ба роҳ монда, диққати худро ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат равона намуд.
Бо назардошти аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ин давра, ҷиҳати рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ватандустӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани завқи китобхонии мардум миёни аҳолӣ озмуну фестивалҳо аз қабили “Ҳунарҳои ороишӣ ва санг”, “Дастархонороӣ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Хуришҳои миллӣ ва муосир”, “Кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ”, Фестивалҳои заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз” “Чакомаи гесӯ”, “Сайри гули лола”, “Сад ранги чакан” “Адрасу атлас” “Ҷилваи рангҳо”, “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” гузаронида шуда, дар даври ҷумҳуриявии озмунҳо шаҳри Турсунзода ба зинаҳои ифтихорӣ соҳиб гардид.
Дар робита ба ин ҷиҳати амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бо роҳи беҳтар намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ тибқи амри раиси шаҳри Турсунзода “Рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҷамоатҳои деҳот” эълон гардида, дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расонида шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар деҳот аёдати шахсони барҷомондаву хизматнишондода, маъюбон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба роҳ монда, аз тарафи “Корвони саломатӣ” ба 32620 нафар хизматрасониҳои тиббии ройгон расонида шуд. Бо мақсади ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ, хубтару беҳтар намудани фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва огоҳонии мардум аз хавфи бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бо мардум дар ҳар як деҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки ин иқдом идома дорад.
Илова бар ин баҳри вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрдории сокинон тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, муассисаҳои таълимӣ беш аз 632 суҳбату мулоқот гузаронида шуд. Вохӯриҳои мазкур бо ҷалби кормандони бахшу сохторҳои соҳа ва намояндагони мақомоти қудратии шаҳр ташкил ва баргузор гардида, зимни он оид ба моҳияту муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ татбиқи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро суханронӣ карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба масъалаҳои устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҳалли норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва такмили забонҳои русиву англисӣ, баланд бардоштани касбияти омӯзгорон ва ҳар 3 сол гузаштан аз аттестасияи навбатӣ диққат дода, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Масъалаи ҷалби ҷавонону хонандагон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун вазифаи муҳимтарин аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ қайд гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супориши роҳбари давлат дар давраи ҳисоботӣ 1386 нафар хонанда дар 123 гуруҳ ва 23 маҳфил дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, кулолгарӣ, кашидадӯзӣ, муҳрасозӣ, гулдузӣ, ҳайкалтарошӣ, забономӯзӣ ва ғайраҳо ҷалб гардидаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 101 адад медал гардиданд.
Ҷиҳати пешрафти кори соҳа бо дастуру супориши муҳтарам Раиси шаҳр гуруҳи корӣ аз ҷониби бахшу сохторҳои дахлдор таъсис гардида, масъулон аз рафти ҳолати омодагӣ ба соли нави хониши 2019-2020, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ, қабули хонандагон ба синфи 1-ум, ҷалби онҳо ба истироҳатгоҳҳои тобистона, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба либосҳои ягонаи дӯхти истеҳсоли ватанӣ, тули 3 моҳ рафти ин масъалаҳоро зери назорати доимии худ қарор дода, ҳамарӯза ситоди корӣ бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ширхоргоҳҳо гузаронида шуд. Дар натиҷа муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш омода шуда, хонандагони муассисаҳо бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин гардиданд. Дар асоси нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи соҳаи маорифи шаҳр таъмини 30816 ҷуфт либоси мактабӣ тасдиқ гардида, дар натиҷа бо 31848 ҷуфт либос хонандагон таъмин шуданд, ки нақша 103% иҷро гардид. Ҳамзамон дар шаҳр 3 коргоҳи дузандагӣ ба дӯхти либоси мактабӣ машғул буда, дар давоми сол ҳамарӯза фаъолият намуда, хонандагонро бо либоси мактабӣ аз рӯи фармоиш таъмин менамоянд.
Оид ба таъмини хонандагон бо компютер ва иҷрои барномаи давлатӣ соли ҷорӣ аз ҷониби падару модарон ва соҳибкорон 120 адад компютер харидорӣ карда шуд, ки шумораи умумии компютерҳо дар хамин давра ба 1708 адад расонида шуд.
Ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ муассисаҳои таълимӣ таъмир ва пурра шишабандӣ гардида, ҷиҳати харидории 652 тонна ангишт шартнома баста шуда, беш аз 487 тонна ангишт ворид гардид.
Дар соли 2019 5570 нафар хонандагон дар истироҳатгоҳҳои мактабӣ ва беруназшаҳрӣ ҷалб гардиданд. (Дар назди 47 муассисаҳои таълимӣ истироҳатгоҳи тобистона 4600 кудакон, истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Ширкент”-и КВД ШАТ 832 нафар кӯдакон)
Соли хониши 2018-2019 3395 нафар хонандагон муассисаҳои таълимиро хатм намуда, аз ин шумора ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил 1600 нафар довталаб ҷалб гардида, аз ин 1141 нафар ба Донишгоҳи олии кишвар, 217 нафар ба коллеҷҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳудуди шаҳри Турсунзода ва 222 нафар дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки 47%-ро ташкил медиҳад.
Аз 106 нафар омӯзгорони ҷавон, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равон гардиданд, 60 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 467 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос гузаштанд ва аз 55 нафар омӯзгорони дорои маълумоти миёнаи касбӣ ба муассисаҳои касбии олии омӯзгорӣ дохил шуданд.
Дар 4 коллеҷ ва 1 литсейи касбии шаҳр 5268 донишҷӯ ба таълиму тарбия ва касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 309 омӯзгор дарс медиҳанд.
Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа диққати махсус зоҳир менамояд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар беморхонаҳои шаҳр 18412 нафар беморон бистарӣ гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6307 нафар зиёд аст. Шумораи зиёдшавии беморон аз ҳисоби беморони дигар шаҳру навоҳии кишвар, ки барои муолиҷа ба шаҳри мо меоянд, ба назар мерасад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 6006 нафар кӯдак таваллуд шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 нафар кӯдаки навзод кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби КАТС 2427 нафар шахсони никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Миёни онҳо 7 нафар ҳомиладор, 73 нафар дорои бемории гепатити музмин, аз онҳо гепатити С -15 нафар, гепатити В-58 нафар, бемории саръ 1 нафар ошкор гардида, барои мавшварат ба табибони соҳавӣ равон гардиданд.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти хатна дар Беморхона ва шабакаи КАТС 1297 амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шуд. Дар муассисаҳои тандурустӣ 12 ҳуҷраи хатна таъсис ёфт.
Дар давраи ҳисоботӣ Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории норасоии масунияти одам 29 (12 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – худмуроҷиат аз он 2 нафарашон навхонадорон) нафар беморро ба қайд гирифт, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта аз 17 нафар иборат буд. Сабаби зиёд ба қайд гирифтани беморӣ ин мутамарказ гардидани озмоиш, муроҷиати зиёди шаҳрвандон ва талаботи ҳатмӣ ҳангоми гузаштани муоина пеш аз ақди никоҳ ба ҳисоб меравад. Аз оғози фаъолият Марказ дар маҷмӯъ 255 нафар сироятёфтагони бемории норасоии масунияти одамро ошкор намуданд, ки аз ин теъдод 66 нафарашон фавтида, 189 нафар дар қайди ҳаёт мебошанд.
Бо мақсади назорати вазъи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар муассисаи табобатию беҳдоштӣ, кӯдакистон-ширхоргоҳ, муассисаи таълимӣ, бозорҳои шаҳр, минтақаҳои истироҳатии ҷамоати деҳоти Қаратоғ, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдо, нуқтаҳои хӯроки умум, савдо ва нонпазхонаҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Ҳангоми санҷидани нуқтаҳои савдо бо назардошти гузаштани мӯҳлати истифодабарӣ 1468 кг. маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, маҳсулоти қаннодӣ, обҳои ташнашикан ва оби ҷав ба маблағи 15224 сомонӣ ва 62 литр нушокиҳои спиртӣ ба маблағи 2403 сомонӣ аз муомилот гирифта шуд. Дар ин давра нисбати 446 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор барои риоя накардани қоида ва меъёрҳои санитарӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба андозаи 73590 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Дар асоси санҷиши Марказ гуруҳи корӣ ташкил гардида, камбудиҳо ислоҳ ва дар муҳлати муқараршуда бартараф карда мешавад.
Бино ба маълумоти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр вазъи гирифтори бемориҳои сироятӣ дар давраи ҳисоботӣ чунин мебошад:
Бемории зардпарвин дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 56 нафарро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 13 нафар зиёд мебошад. Миқдори нафароне, ки ба бемории биногушак дучор гардиданд дар давраи ҳисоботӣ 44 нафарро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта аз 45 нафар иборат буд, ки дар давраи ҳисобтӣ 1 ҳолат кам мебошад. Дар ин давра 98 нафар сокинони шаҳр ба бемории сил гирифтор шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 нафар кам мебошад.
Миқдори нафароне, ки ба ҳамла ва газидани сагҳо дучор гардиданд 592 нафарро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар соли гузашта аз 604 нафар иборат буда, 12 ҳолат кам мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, омода намудани ҷавонондухтарон ба ҳаёти оиладорӣ, нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон аз парокандашавӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҳисоби бонувони фаъол, занони рӯзғордидаву собиқадор комиссияи доимоамалкунанда фаъолият менамояд. Дар доираи «Барномаи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» шуъба аз 39 суҳбату вохӯриҳо ва 18 рейдҳои муштаракро дар мавзӯъҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни занон ва дигар масъалаҳои умдаиирӯз баргузор намуд. Дар давраи ҳисоботӣ нақша чорабиниҳо оид ба фаъолияти шуроҳои занон тасдиқ гардида, дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ташриф оварда, суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 5546 таваллуд, 1982 ақди никоҳ, 349 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ва 868 вафот ба қайд гирифта шуд.
Шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар давраи ҳисоботӣ дар татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Айни замон дар шуъбаи фарҳанг ансамбли касбии “Шашмақом”, ансамбли фолклори-этнографии “Қаратоғ”, ансамбли “Фалак”, гурӯҳи эстрадии “Шоми Турсунзода”, инчунин маҳфилҳои адабӣ, рақс, сурудхонӣ, доиранавозӣ, ҳаҷвӣ, навозандагӣ, рассомӣ ва дӯзандагӣ фаъолият намуда, дар он 185 нафар кормандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба иду ҷашнҳо 219 чорабинии гуногуни фарҳангӣ баргузор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 чорабинӣ зиёд мебошад.
Дар ҳудуди шаҳр 33 китобхона фаъолият дошта, дар он 192486 нусха китоб маҳфуз буда, дар ин давра 163679 нусхаи он дар гардиш қарор гирифт. Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти сарбозон ба дидбонгоҳҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр 943 китоб тақсим карда шуд.
Соли ҷорӣ бо мақсади вориди китобҳои тозанашр аз ҷониби бахшу сохторҳо 1487 нусха китоб ба маблағи 38140 сомонӣ харидорӣ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маориф, занон, хадамоти назорати кор бо ноболиғон ва наврасону ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати пешгирии ҷиноят миёни ноболиғон, дур намондан аз мактаб, пешгирии худкушиву худсӯзӣ миёни ноболиғон 43 суҳбату вохӯриҳо ва 19 рейдҳо гузаронида шуд. Дар ин давра аз ҷониби 11 ноболиғ 18 далели ҷиноят содир шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҷиноят кам мебошад. (Дар муқоиса ба 9 моҳи соли 2018 аз ҷониби 12 ноболиғ 25 далели ҷиноят содир шуда буд). Ҷиҳати иҷро нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуда, барои чораҷуӣ ба суд ирсол гардид.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ 133 чорабинӣ, аз ҷумла 53 вохӯриву мулоқот, 81 чорабинии варзишӣ ва 32 чорабинии оммавӣ-фарҳангиро доир намуд.
Дар ин давра иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ аз рӯи намуди варзиши сабук, бокс, гӯштини миллӣ ва таеквон-до таъмин гардида, варзишгарон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 165 адад медал, аз ҷумла 46 медали тилло, 56 медали нуқра ва 63 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Инчунин 55 нафар варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 5 медали тилло, 5 медали нуқра, 14 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва қарори раиси шаҳри Турсунзода ба тасвиб расид. Дар шаҳр 1 ширкати сайёҳӣ фаъолият намуда, харитаи сайёҳӣ ва ҳунармандии шаҳр мавриди таҳия қарор дорад. Соли ҷорӣ ба шаҳр зиёда аз 6983 нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷи кишвар ташриф оварданд.
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии сарфу хароҷоти барзиёд ҳангоми гузаронидани маросимҳои милливу динӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз ҷониби масъулон 696 вохӯрӣ ва 14 семинар гузаронида шуда, тариқи барномаҳои телевизионӣ 40 гузориш ва дар нашрияҳои маҳаллӣ 18 мавод ба табъ расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахш дар қаламрави шаҳр 2979 маъракаи домодиву арусӣ, 143 маросими чил ва 87 маросими сол ба қайд гирифта шуд, ки дар мачмуъ 3209 маъракаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳр 10 комиссияи доимӣ ва 150 комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар натиҷаи рейдҳои муштарак 16 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, нисбати қонунвайронкунандагон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки маблағи ҷаримаҳо 74250 сомониро ташкил медиҳад.
Дар шаҳр 9 Ҷамоатҳои деҳот бо 128 деҳа дар асоси дастур ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин қарор, амр ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кору фаъолият менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 9 ҷамоатҳои деҳот корҳои созандагиву ободонӣ вусъат ёфта, аҳолӣ дар тоза намудани роҳ, ҷуйю заҳбур, ниҳолшинонӣ, сафед кардани дарахтони шафати роҳҳо, насби шиору овезаҳо, рангубор намудани девору биноҳои шафати роҳ саҳм гузоштанд.
Ҷамоатҳои деҳот бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда, ҳаракат менамоянд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, муассисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони маҳалла ва соҳибкорони маҳаллӣ ба натиҷаҳои хуби иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас истиқбол гиранд.