Зариф Ализода, раиси ҳайати ҳукуматии ҶТ дар ҷаласаи САҲА
(ш.Варшава, 16-26.09.2019с.)
Баъди интихоботи парламентии соли 2015 дар Тоҷикистон як катор таѓйиротҳо ба системаи интихоботи ворид карда шуд. Аз ҷумла баъзе пешниҳодҳо амали карда шуданд. Дар Тоҷикистон конуни алоҳида оид ба фаъолияти комиссияи интихоботи коркард ва кабул гардид. Салоҳияти ин комиссия васеъ гардид. Комиссия оид ба интихобот доимоамалкунанда мебошад. Дар он намояндаи тамоми ҳизбҳои сиёси ҳамчун машваратчи иштирок мекунанд. Мувофики конун иштироки намояндагони мустакил ва хориҷи дар интихобот пешбини гардидааст.
Соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи парламенти ва президенти баргузор хоҳад шуд. Мехоҳам аз фурсати муносиб истифода намуда, намояндагони БДИПЧ САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалиро барои назорати раванди интихобот даъват намоям.
Вобаста ба вазъи парламент ва демократия кайд менамоям, ки дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёси фаъолият дорад. Аз онҳо 3 ҳизб дар парлумон намояндагони худро доранд. Ҳамчунин дар парламенти Тоҷикистон 3 фраксия мавҷуд аст. Ташкилоти «Гурўҳи-24», ки каблан баромад намуд, мувофики Карори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремисти эътироф гардидааст. Беш аз ин, кайд менамоям, ки таҳкири Ҳукумати ҶТ дар чунин ҷаласаи сатҳи баланд, истифодаи калимаҳои «фюрер» нисбати роҳбари давлат имконнопазир мебошад. Майдони ҷаласа набояд ба ҷойи кассосгири табдил дода шавад.