Ба шаҳри Турсунзода намояндагони Ташкилоти хайриявии Дубай ташриф оварданд, ки дар ҷараёни сафар меҳмононро Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҳамроҳӣ намуданд. Дар ибтидо меҳмонон аз бинои тозабунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, ки дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Навобод сохта, ба истифода дода шудааст, дидан намуданд. Ташаббусгари бунёди бинои муассиса мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода буда, фармоишгари он Ташкилоти хайриявии Дубай ваташкилкунандаи корҳои сохтмонӣ Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Эҳёи Сомониён» амалӣ гардидааст. Зимни боздид ба намояндагони Ташкилоти хайриявии Дубай маълумот дода шуд, ки бинои мазкур аз 20 синфхона иборат буда, метавонад 1200 нафар хонандаро дар ду баст бо ҷойи нишаст таъмин намояд. Дар муассиса ҷиҳати таълиму тарбия тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идома меҳмонон аз Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода дидан намуда, аз шароити таълиму тарбия ва буду боши тарбиятгирандагон шиносоӣ пайдо карданд. Зимни сӯҳбат намояндагони Ташкилоти хайриявии Дубай иброз доштанд, ки минбаъд низ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, хусусан бунёди муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Турсунзода саҳмгузорӣ хоҳанд кард. Сафари меҳмонон баъдан ба ангурзори хоҷагии Ватан идома ёфт. Роҳбари хоҷагӣ доир ба навъҳои ангур ва парвариши он маълумот манзур намуда, иброз дошт, ки соли ҷорӣ дар баробари бозорҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон инчунин аз ҷониби тоҷирони Дубай низ ҷиҳати таъмини бозори онҳо бо ангури хушсифат дархост пешниҳод гардида, кор дар ин самт оғоз шудааст.
КОТИБИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲР