Ҳамдиёрон ва ҷавонони азиз!
Бо шарофати сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҷавононро самимона табрик гуфта, кӯшишу ғайрат ва сиҳативу иқболро таманно дорам.
Ҷавонони азиз,
Муҳтарам Пешвои миллат ба Шумо, ҳамчун қувваи бузурги созанда ва ободгарони Ватан эътимод дошта, фармудаанд, ки «Дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад. Ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солим доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, ва рушди ояндаи онро ба иштирок ва саҳми фаъолонаи ҷавонон вобаста медонад. Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати тарбияи насли наврас як қатор корҳои судмандро амалӣ намуд. Таваҷҷуҳ ба кадрҳои ҷавон вусъат ёфта, ба тарбияи онҳо ҳамчун роҳбарони ҷавон мароқи ҷиддӣ зоҳир ва як қатор мансабҳои роҳбарикунанда ба дӯши онҳо вогузор гардид.
Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади тарбияи насли наврас даҳҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд гардида, барои хонандагони литсейи Президентӣ, ҷиҳати дастгирии хонандагону варзишгарони муваффақ, стипендияҳои Президентӣ ва раиси шаҳр ва квотаҳои таълимӣ ҷиҳати таҳсил дар таълимгоҳҳои олии дохил ва хориҷи кишвар таъсис гардидаанд.
Натиҷаи амалҳои созанда ҷавононро ба омӯзиши фан ҳидоят ва сол то сол сафи ҷоизадорони олимпиадаҳои фаннӣ ва сабқатҳои варзиширо бештар намуд. Ҷавонони мо на танҳо дар Тоҷикистони азиз, балки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафу обрӯ ва Парчами Тоҷикистонро боло афрохтаанд.
Дӯстони ҷавон ва ҳозирини гиромӣ,
Шумо бояд ифтихор кунед, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ доред ва ворисони халқи соҳибфарҳанг ва тамаддунофар мебошед
Аз ин лиҳоз, сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифат дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии Шумо бошад
Ҷавонон қувваи созанда ва амаликунандаи пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат арзёбӣ гардида, Шумо вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед. Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.
Бо ибрози чунин орзуҳои нек бори дигар ҷавонони шаҳри Турсунзодаро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.
Ҳамеша тансиҳат ва сарбаланд бошед!
Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон!