Нуқтаи назар

РИОЯИ ИНСОФ ДАР САВДО БО ИБОДАТ БАРОБАР АСТ

print

     Инак, ҳафтаи сеюм аст, ки султони моҳҳо- моҳи Рамазон, ки аҳли ислом онро моҳи раҳмату мағфират ва сайид мехонанд, фаро расидаву ҳар фарди мусулмон тибқи фармудаҳои илоҳӣ ва аҳодиси шарифи марбут ба ин моҳи муборак амал мекунанд, тақвову парҳез мекунанд ва амалҳои хайр анҷом медиҳанд. Имрӯз ҳар оне, ки худро аз аҳли дини мубини Ислом мешуморад, хуб медонад, ки моҳи шарифи Рамазон билкул аз раҳмату мағфирати Парвардигори олам иборат буда, бо фаро расидани ин моҳ дарҳои дузах баста ва дарҳои биҳишт боз мегарданд. Баробари он, ки моҳи Рамазон моҳи эҳсон, хайру саховат, раҳмату мағфират аст, дар ин моҳ гуноҳҳо омурзида ва дуоҳо иҷобат мегарданд. Муслимини олам бузургии ин моҳро дар он мебинанд, ки маҳз дар ин моҳи муборак китоби муқаддаси Қуръон нозил шудааст. Аз ин хотир, мусалмонони ҷаҳон барои дарёфти ризои Худованд дар доираи фармудаҳои илоҳӣ амалҳои хайрро марбут ба ин моҳи табаррук ба анҷом мерасонанд.

         Яке аз амалҳои хайр, ки анҷоми он дар сартосари олам миёни мусалмон ба ҳукми анъана даромадааст, ин хайру садақа ва бахусус коҳиш додан ва ё паст намудани нарху навои молу маҳсулот маҳз дар моҳи шарифи Рамазон аст. Албатта мақсад аз даст задан ба тиҷорат дарёфти манфиат аст. Вале дар кишварҳои мусалмонии дунё тоҷирону савдогарон низ бо нияти ба даст овардани манфиат аз тиҷорат тамоми сол бо нархи мӯътадил савдо намуда, маҳз дар моҳи Рамазон ба хатори дарёфти савоб ва анҷом додани амали хайр нарху навои молу маҳсулоти хешро паст менамоянд. Яъне рафтори ин гуна тоҷирон тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ сурат мегирад. Зеро анҷом додани ҳар амали хайр ва садақа бахотири як навъ кӯмаки иқтисодӣ ба бародари муъмини худ аст.

         Мутафассифона, тӯли чанд соли охир хариду фуруши мардуми мо дар моҳи шарифи рамазон далолат аз он мекунад, ки тоҷирону савдогарони мо баръакси гуфтаҳои боло рафтор мекунанд. Баъзе тоҷирону савдогарон ба хотири дарёфти фоида молу маҳсулоти хешро захира ва дар моҳи шарифи Рамазон бо нархи гарон мефурӯшанд. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад:

         Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе ба муддати чил шабонарӯз таомеро эҳтиёткор ва захираандузӣ кунад, дар воқеъ аз Худо безорӣ ҷустааст ва Худо низ аз ӯ безор шудааст».

         Бояд гуфт, ки захира намудани мол бо мақсади фурӯхтан ба нархи дучанд аслан як навъ рибо ба ҳисоб меравад. ҳамчунин, кам дода бисёр гирифтан, фиреб дар тарозу низ рибо ба ҳисоб рафта, рибо хӯрдан яке аз гуноҳҳои бузург ба ҳисоб меравад.

         Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки аксаран, тоҷирону савдогарон дар рафти иди саиди Фитр нарху навои бахусус маҳсулоти ғизоиро якчанд маротиба баланд мебардоранд. Шахсияти ин гуна савдогарон дар ҳадиси Умар ибни Хатоб (р) чунин баён мегардад:

Паёғамбар (с) фармудаанд: «Ҷалбкунанда (воридкунандаи маводи ғизоӣ) бараҳманн ва муҳтакир (захиракунанда) малъун аст». Яъне дини мубини ислом ин гуна шахсиятҳоро мӯҳтакир хондааст ва аз қавли Пайғамбари гиромӣ Худованд онҳоро лаънат хондааст.

Фиқҳи исломӣ мегӯяд, ки сафар бо мақсади тиҷорат аслан касби маош аст. Лекин барои ҳар шахси оқил муносибтар он аст, ки дар ин сафар низ нияти дин дошта бошад, зеро тамоми кору бори дунё вақте иродаи динӣ ва нияти нек ба он сояафкан гардад, ибодат ба ҳисоб меравад. Масалан, тоҷир барои тиҷорат бо ин ирода берун шавад, то нону нафақаи шахсонеро, ки шариат сарпарастии зиндагии онҳоро бар гарданаш гузоштааст, ба даст оварад ва онро дар корҳои хайр масраф расонад.

Тоҷирону савдогарони мо, ки худро мутааллиқи дини мубини ислом мехонанд, бояд дар хотир доранд, ки захираандӯӣ кардани маводи ғизоӣ аз нигоҳи фиқҳи исломӣ макруҳи таҳримӣ аст. Зеро ин амал сабаби боло рафтани нархҳо гардида, мардум молу маҳсулоти мавриди ниёзи хешро бо мушкилоти зиёде дастрас мекунанд. Пас биёед, бародарони мӯъмину мусалмон, бо нияти итоати фармудаҳои Худованд, аз бархе амалҳо, ки шарҳи онҳоро дар навиштаҳоямон овардем, худдорӣ намоем, бахусус аз захираандузии молу маҳсулот, маводи ғизоӣ ва ба таври сунъӣ баланд бардоштани нарху навои онҳо. Яқин аст, ки бар ивази ин иродаи худ шумо ҳатман аз ҷониби Худованд арҷу савоби бузурге подош хоҳед гирифт.

Раиси Ҷамоати деҳоти Навобод

 Турсунов Нурулло

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *