Фаъолияти Шӯроъ

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ  ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО ҶОМЕА

print

Таърихи 10-уми майи соли 2019 дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии шуъбаи милитсия дар фазои тантанвӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Дар маросими ботантана Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода Исуф, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов намояндагони ВКД, ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Турсунзода, инчунин дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода меҳмононро ба шаҳри Турсунзода хайрамақдам гуфта, ҷиҳати  бунёди Марказ ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафроатхонаи ИМА дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Шӯрои ҷамъиятии шаҳр ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ минбаъд низ бо маќомоти милитсия ҳамкорӣ намуда, дар пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа саҳми мунисиби худро мегузорад.

Дар идома зимни баромади худ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов изҳор дошт, ки  дар доираи амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, инчунин ҳамкориҳои судманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Сафорати ИМА чандин бинои Марказҳо сота, бо таҷҳизоти муосири корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм низ ба сухан баромада аз иштирок дар чунин тантана изҳори қаноатмандӣ намуда, илова кард, ки бунёди чунин марказҳо бар нафъи ҷомеа мебошад.

-Танҳо дар натиҷаи фаъолияти пурсамари тарафайн метавон робитаи қавии аҳолиро ба мақомоти милитсия таъмин намуда, эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти корҳои дохилӣ афзун намуд. Аз ин лиҳоз аъзои Шӯроро мебояд дар ин самт таваҷҷуҳи  хоса зоҳир намоянд, – афзуд сафири ИМА

Сипас аз ҷониби роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикситон раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода  барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ободониву бунёдкорӣ ва ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ медали «Барои ҳамкорӣ» сарфароз гардид.

Баъдан меҳмононон ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ атрофи мизи мудаввар вобаста ба фаъолияти Шӯро суҳбат ороста, ҷиҳати боз ҳам густриш додани кор дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.

 КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *