Дар ибтидо бо иштироки раиси шаҳр Абдуқодир Вализода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони фаъол ва меҳмонон дар пояи муҷассамаи устод гулчамбар гузошта шуд.
Ба муносибати зодрӯзи адиб ва арбоби сиёсиву ҷамъиятӣ намоишгоҳи дастовардҳои шуъбаи маорифи шаҳр, гӯшаҳои намоиши китобҳо ва мероси адабии шоир, гӯшаи техникон ва ихтироъкорони ҷавон ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, дар ҳар гӯша хонандагон аз ашъори шоир порчаҳо қироат намуданд, ки аз ҷониби меҳмонон ва роҳбарияти шаҳр ба ташкилкунандагони намоиш ва хонандагон баҳои баланд дода шуд.
Тантанаҳои бузургдошти шоир дар толори кохи “Дӯстӣ” идома ёфта, хонандагон аз ашъори устод шеърҳои ватанпарастона ва тараннумкунандаи сулҳу дӯстиро қироат намуда, кормандони шуъбаи фарҳанг аз ашъори шоир барномаи фарҳангиро ба саҳна гузоштанд, ки ба чорабинӣ шукӯҳи тозаи идона бахшид.