Хабарҳо

ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

print

Ба муносибати гусел намудани  аввалин гурӯҳи  ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.  

Дар гусели наваскарони ихтиёрӣ роҳбарияти шаҳрдорӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои  деҳот афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, падару модарони даъватшавандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр  иштирок доштанд.

Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода даъватшавандагонро ба муносибати ин рӯзи фаромӯшнопазир табрик намуда, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи давлат ва сипари боэътимоди миллат арзёбӣ гардида, маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум зиндагии осоишта доранд.

– Имрӯз Шумо ба мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ, ба сафи Қувваҳои Мусаллањии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар мешавед, ки барои њар як љавонмард хизмат ба Ватан ифтихор  ва шарафи бузург ба њисоб меравад. Мо эътимоди комил дорем, ки њар яки Шумо бо сари баланд ва љавонмардона қарзи шаҳрвандиро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоред, – илова намуд А. Вализода.

Дар идома волидайни даватшавандагон ба  сухан баромада иброз доштанд, ки  хизмат ба Ватан, аслан хизмат намудан ба падару модар ва бародарону хоҳарон аст. Боварии комил дорем, ки бо сари баланд ва нангу номуси ҷавонмардона қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоред.

Навдаъватшавандагон низ зимни суханронӣ ба волидайн ваъда доданд, ки  қарзи шаҳрвандиро  адо намуда, баъди хизмати њарбї дар хољагии халќ баҳри шукуфоии Ватани азиз меҳнати софдилонаро идома хоњанд дод.

Дар идома  варзишгарони навраси шаҳр маҳорати варзишии худро намоиш дода,  бо машқҳои ҳарбӣ-ватанпарварона сарбозони  қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр ба майдон баромаданд.

Инчунин аафсарон ва аскарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр паради ҳарбиро манзури ҳозирин намуданд.

Кормандони шуъбаи фарҳанг бо суруду таронаҳои ватанпарварона  ба чорабинӣ фазои идона бахшиданд.

Барои наваскарон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастурхони идона ороста шуда, баъдан  ҷавонон бо дуои хайри волидон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

 КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *