Хабарҳо

“ФИҒОН” ДАР САҲНАИ ТЕАТРИ ХАЛҲИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

 Намоише, ки имрӯз аз ҷониби театри халқии шаҳри Турсунзода ба саҳна гузошта шуд, “Фиғон “  ном дошт. Дар саҳна ахлоки костаи баъзе ҷавонон, заҳмату меҳрубонӣ ва ҷонфидоии модар ба фарзанди ягона ва аз ҷониби фарзанд дар оғоз номеҳрубониву дар охир пушаймонӣ  инъикос гардид, ки басо ҷолибу тарбиявӣ буд.

Хунармандон Шаҳзоди Суннатулло, Фазолат Ҳоҷиева, Тағоймурод Давлатов ва Ғолиб Маҷидов тавонистанд бо маҳорати баланд нақшҳоро иҷро намуда, муҳтавои намоишро ба тамошобинон расонанд.

Нақши модар- Нақши модар пур аз меҳрубонӣ  ва љонфидоӣ буд. Зеро модар ба писараш чашми худро инъом мекунаду аммо то ба марг ба писар дар ин бобат ҳарфе намегӯяд.  

Шавҳар  тарки зани маъюб ва оилаи дигарро ихтиёр мекунад. Писарро њам  дӯстонаш аз якчашмии модар ва касби фаррошии  ӯ доим малоат мекарданду ба таъсири манфии муҳит дигар тоб наоварда, писар низ тарки модар мекунад.

Модар баъд аз чандин соли зиндаҷудоиву дарду алам дар танҳоӣ ҷон ба ҳақ месупораду ба ҳамсоя барои писараш мактубе мегузорад.

Фазолат Ҳоҷиева  ин саҳнаро бо нозукиву маҳорат иҷро намуда, тамошобинонро водор намуд ғамшарики дрду алам модар шаванд…

Писар баъд аз чандин соли бедарак шудан ба хона меояд, аммо аз модар дараке нест. Ҳамсоя мактуби вопасини модарро ба писар месупорад.

Писар аз ҳақиқати талх хабардор мешавад, аммо дигар пушаймониву гиряҳои зорӣ у суде надорад.

Шаҳзоди Суннатулло нақши писари пушаймоншударо бо маҳорату касбияти баланд рӯи саҳна оварда, тамошобинонро водор намуд, ашк резанд. Дар нақшбозии Тағоймурод Давлатов низ самимият ва ҳунари балнд эҳсос гардид.

Хуллас, ин саҳнаи  фоҷиавӣ пур аз ҳикмат аст. Ҳикмате, ки ҳунармандон онро то ба дили ҷавонони дар толор нишаста расонида тавонистанд.   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *