Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

print

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маҷлиси ботантана баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода матбуотчиёнро ба ифтихори иди касбӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар дар шаҳри Турсунзода матбуот рушду такомул ёфтааст. Дар даврони Шӯравӣ дар шаҳр 1 газета ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард, Имрӯзхо нашрияҳои “Диёри Турсунзода”, “Алюминийи Тоҷикистон”, “Ҳидоят”, маҷаллаҳои “Нури маърифат”, “Тибби Буалӣ” ва телевезион ва радиои маҳаллӣ фаъолият намуда, фазои иттилоотии шаҳрро пурра менамоянд. 
Дар идома аз ҷониби мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба собиқадорон ва фаъолони соҳа сипоснома ва мукофотпулӣ супорида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *