Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

         Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи “Дӯстӣ” шаҳри Турсунзода бо иштироки аҳли ҷомеа чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

      Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҳозирин ва кулли сокинони шаҳрро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки  дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз сабт гардида, баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ин рӯзи фараҳбахш ба вуқуъ пайвастааст.

         Қайд гардид, ки  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шудан ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимро ба миён гузошта, оташи ҷанги бародаркушро хомӯш намуда, гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонид ва ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ  талош варзида, Тоҷикистонро ба ҷомеи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистилол муаррифӣ намуд.

     Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро мавриди шарҳ қарор дода, Абдуқодир Вализода таъкид дошт, ки таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва некуаҳволии халқ аз  сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Президенти Ҷумурии Тоҷикистон ва меҳнати содиқонаи мардуми шарафманди мамлакат сарчашма гирифта, муҳаббати халқи кишварро ба Ватан ва муқаддасоти миллӣ афзун мегардонад. Дар идома барои иштироки фаъолона дар тарб

  • Муҳаббат ва эътимоди халқ нисбат ба Президенти мамлакат пайвасти ногусастанӣ дошта, таҷлили Рӯзи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон арҷгузории мардуми шарафманди мамлакат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори ҷашнҳои давлатӣ ворид ва ба иди умумимиллӣ табдил гардидааст- иброз дошт раиси шаҳр.

ияи рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ишироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ иштиркчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанг, санъатварони навраси мактаби санъати бачагонаи шаҳр  ва муҳассилини муасситсаҳои таълимӣ манзури ҳозирин гардид, ба чорабинӣ шукӯҳи тозаи идона зам намуд.

 МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *