Дар давоми 10-15 соли охир сару садоҳо дар бораи ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳое монанди «freedom house», «amnesty international» ва дигарон ба ҳукми анъана даромаданд. Созмонҳои мазкур тамоми ашхосе, ки аз ҳукумати кишвар норозӣ мебошанд, гирди худ ҷамъ намуда, бо ёрии онҳо манфиатҳои хоҷагони худро амалӣ месозанд.
Новобаста аз оне ки онҳо иқрор нестанд, аммо барои ҳамагон ошност, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби хадамоти махсуси Амрико ва кишварҳои Аврупо назорат ва роҳандозӣ мегардад. Барои мисол метавон аз суханронии Ҷемс Клеппер директории Раёсати марказии кашшофии ИМА ёдовар шуд. Ӯ замони роҳбарии ин ниҳод дар назди Конгрес суханронӣ намуда, қайд карда буд, ки ба хотири поин бурдани нуфӯзи Русия дар Ховари Наздик ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 4,3 млрд доллар хоста буд, ки танҳо барои кишварҳои ИДМ 953 миллион доллари он равона гардид. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳамарӯза Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ бо баҳонаи «озодии сухан» мавриди ҳамлаи ҳамингуна ташкилотҳои қарор мегиранд. Манфиатит онҳоро то ин замон мардумони оддӣ эҳсос накардаанд. Ягона фаъолияташонро дар иғвоангезиву ҷангандозӣ, бадном кардани ҳукумат ва давлат дидаему халос.
Яке аз чунин созмонҳои «демократихоҳ» созмони Freedom House мебошад. Созмони мазкур аз соли 1973 шохиси давлатҳоро аз нуқтаи назари «озодӣ» омода менамояд. Охирин гузориши ин созмон ҳафтаи равон ироа гашт, ки 195 кишвари дунёро фаро гирифтааст.
Тоҷикистон дар ҳисоботи ин созмон ҳамчун кишвари ноозод баён шудааст. Муаллифони гузориш даъво пеш овардаанд, ки гӯё ба гуногунандешон фишор оварда мешаваду онҳоро намегузоранд, фаъолиятҳои сиёсии худро озодона анҷом расонанд. Гӯё дар кишвар таъқиби озодандешон идома дорад. Бо ибораи дигар соҳибони ин созмонҳо талош намуда истодаанд, ки ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ зарба зананд. Вале, ба саволи он ки кӣ ба онҳо иҷозат додааст, ки ба корҳои дохили як кишвари дигар дахолат кунанд, касе ҷавоби возеҳ надодааст. Барои чӣ як ташкилоти аврупоӣ ба худ иҷозат медиҳад, ки нисбати кишварҳои алоҳида чунин баҳогузорӣ намояд? Маълум аст, ки ташкилоти мазкур танҳо аз ҷониби чанд кишвари Аврупоӣ маблағгузорӣ мешавад, ва ҳатман ин ташкилот аз паи амалӣ намудани манфиатҳои ҳамон давлат мебошаду халос.
Аз Тоҷикистон гила доранд, ки фаъолияти ҳизбҳои хусусияти динидоштаро маҳдуд менамоянду намегузоранд, ки онҳо инҷо расман фаъолият намоянд. Вале, ба суоли кӣ бояд ҳимоя манфиатҳои миллии Тоҷикистонро аз дасти чунин аҷнабипарастон ба зима гирад, ин созмон посух надодаанд. Нагуфтаанд, ҳукумати кишвар маҷбур шуд, то ин ки сулҳу субот дар кишвар пойдор бошад, даст ба чунин иқдом зад. Ҳаргиз онҳо ингуна масъалагузорӣ наменамоянд. Зеро ин тавр масъалагузорӣ намудани ин созмон ба нафъи эшон набуду нест. Созмони мазкур ва созмонҳои ба ин монанд, намехоҳанд, ки ғайр аз кишварҳое, ки онҳоро маблағгузорӣ менамоянд, пеш раванду тараққӣ намоянд. Тараққӣ намудани давлатҳои дигар, махсусан кишварҳои пасошӯравиро умуман дидан намехоҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳам ташкилотҳои террористиии дохиларо маблағгузорӣ менамоянду ҳам барои ҳимояи онҳо созмонҳои худро «роҳсипор» менамоянд, то ин ки худро танҳо эҳсос нанамоянд.
«Freedom House», ташкилоте мебошад, ки 80% маблағи он аз ҳисоби буҷаи Департаменти давлатии Амрико пардохт мешавад. Дар ҳоле ин созмон аз озодиву беғаразона будани фаъолияташ ҳарф мезанад, ки то соли 2005 собиқ директории Раёсати марказии кашофии ИМА (ЦРУ) Ҷемс Вулс роҳбари ин ташкилотро ба ӯҳда дошт. Модоме чунин шахсиятҳои калидӣ ин созмонро роҳбарӣ менамоянд, пас чӣ гуна ба беғаразона будани гузоришҳояшон эътимод намуд?!
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ маҳз семинарҳои ҳамин ташкилот буд, ки дастпарваронаш тавонистанд, дар Гурҷистону Украина, кишварҳои арабии Мисру Либия даст ба тазоҳурот зананду инқилобҳои ранго барпо намоянд. Худое накунад, ки дар кишварҳои мо низ ҳамингуна семинарҳои ғаразнок барпо намоянд.
Шамсиддини Шӯҳрат, сокини н.Шоҳмансур, коршинос