Хабарҳо

Ба А.Шерзамонов

print
Магар худро ту инсон мешуморӣ,

Бидон, ки заррае виҷдон надорӣ.

Ба осони фурӯхтӣ дину мазҳаб,

Яқинаст, ки ту худ имон надорӣ.

 

Ҳама донанд, ки дар чӣ кору борӣ,

Бидон бо як пӯли пучак ту зорӣ.

 

Ту худатро ситора мешуморӣ,

Ту нур бар афтаки шумат надорӣ.

Ту карда хидмати сад ҳоҷаҳоят,

Вале худ нони хӯрдан ҳам надорӣ.

 

Ҳама донанд, ки дар чӣ кору борӣ,

Бидон бо як пӯли пучак ту зорӣ.

 

Ба ҳар коре ту бини мехалонӣ,

Аз ин номардиат ҳеҷ гоҳ намонӣ.

Ҳама кирдори ту бошад ҷиноят,

Хиёнатпеша будиву бимонӣ.

 

Ҳама донанд, ки дар чӣ кору борӣ,

Бидон бо як пӯли пучак ту зорӣ.

 

Надори обурӯ дар мулки мардум,

Ту зорасти ба луқми нони гандум.

Бигарди дар ба дар мисли гадоён

Ту худ доро шумори байни мардум.

 

Ҳама донанд, ки дар чӣ кору борӣ,

Бидон бо як пӯли пучак ту зорӣ.

 

Шамсӣ ҚАМАР

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *