Дар нома амир арзу доди худро аз болшевикҳо, ки салтанати зиёда аз садсолаи хонадони манғитияро барҳам доданд, ба ҳукуматдорони болоӣ (империалистони аврупоӣ) мерасонад. Амир дар бахши ифтитоҳияи нома аз шукўҳу шаҳомати Бухоро, таърихи салтанати амирӣ, қудрату нуфузи шаҳри Бухоро дар миқёси кишварҳи исломӣ, низоми сиёсӣ, идорӣ, динӣ-мазҳабӣ, молиявӣ ва интизомии амирсолорӣ сухан дар миён оварда, худро амири содиқ, қонунӣ ва интихобии ҳукумати амирӣ донистааст. Зимни бечоранолӣ амир аз Лигаи миллатҳо хостааст, ки ба ҳукумати болшевикӣ хотима бидиҳад ва Бухороро ба амир, ки фармонравои қонунии он аст, баргардонад.
Амир дар нома ба дурўғ мегўяд, ки тамоми мардуми Бухоро ҳавохоҳи ўянд ва бозгашташро мехоҳанд. Агар чунин буд ва «тамоми аҳолӣ – аз аъло то адно» ҳавохоҳи амир мебуданд, аскари Сурх ҳаргиз ғалаба намекард. Бо он ки амир ва думраваконаш (босмачиҳо)-ро империализми вақт дар симои Англия ва соири кишварҳои сармоядорӣ ҷонибдорӣ мекарданд, натавонист дар минтақа зиёд дошт диҳад. Пуштувонаи мардумӣ надоштан ва аз ҳама муҳим, пуштувонаи миллию маданӣ надоштани амир ва босмачиён иллати асосии шикасти онҳо буд ва на чизи дигар. Вагарна сармоягузорони хориҷӣ барои амалӣ гаштани нақшаҳои геополитикии худ сармояи ҳангуфтро ба дастаҳои босмачиён ва аксулинқилобиён ихтисос медоданд, то пирўзӣ насиби амир ва балегўёнаш гардад.
Дар номаи амир Олимхон нуктаҳои ҷолиб барои он нафароне дарҷ гардидааст, ки аз босмачӣ ва амирсолорӣ пуштибонӣ мекунанд. Махсусан, нафароне, ки лофи миллият мезананд ва босмачиёнро қаҳрамонони миллӣ меноманд. Онҳо (манзур амирони манғитӣ), аслан тоҷик набуданд ва ба заррае ҳам ба забон ва фарҳанги миллӣ эҳтиром қоил набуданд. Бубинед амир дар номааш чӣ мегўяд: «Уламои исломии Бухоро амирро халифаи Пайғамбар ва ҳомии усул ва шариати исломӣ медонистанд. Хоноти Бухоро тамом аз тоифаи ӯзбаки манғит буданд… Подшоҳони Бухоро дар мавқеи ҷулус, бино ба одати муғул, дар рӯйи тушакчаи мутабаррика нишаста, сайидҳо ва хоҷаҳо ва муллоҳо ӯро аз замин бармедоштанд». Вақте ки «сайидҳо», «хоҷаҳо» ва «муллоҳо» амирро аз замин мебардоштанд, барои миллат чӣ ҷой боқӣ мемонад. Титулҳои мазкур ба миллӣ будани амирсолорӣ далолат намекунад, баръакс, дар хидмати киҳо будани давлатро нишон медиҳад. Умуми қазоия ва шаръия пурра дар дасти амир буд ва чӣ коре, ки мехост, анҷом медод, дар ин амр ба ў кӣ монеъ мешуд? Шариат ва қозиюлқуззот, ки аз ҷониби амир баргузида мешуд? Ба таъбири равшантар, давлат дар дасти як гурўҳ хурофотиёну мутаассибон буд ва онҳо парвои мардум ва халқи одиро надоштанд. Ҷорзаниҳои амир тавассути нома ба Лигаи миллатҳо (имрўза СММ) танҳо ба хотири баргардонидани салтанат буду халос. Амир ба тортуқу пешкашҳои бекҳо ва молиёти бебаркаши амирсолорӣ, ки ҳамаро якбора ихтиёрдорӣ мекард, пазмон шуда буд. Дар Афғонистон, он чи ки мехост, бароварда нашуд. Бо он канизу пешхизмату надимон, ки ҳамроҳи амир фирорӣ шуда буданд, нафси бебаркаши амир қаноатманд намешуд. Ў зиёд мехост, вале мардуми Бухорои Шўравӣ, ки нав аз зулму бедоди ин зоти «шариф» наҷот ёфта буданд, дигар салтанат ва ҳукумати бедоди вайро намехостанд.
Дар мавриди Иброҳимбеки босмачӣ, ки ин шабу рўз таърифи ниҳоди босмачигарӣ мавриди васфу таърифи баъзе доираҳои расонаӣ шудааст. Амир дар нома мегўяд, ки: «Иброҳимбеги шердил асокири зиёде ҷамъоварӣ карда, ҷангҳои хунине бо асокири сурх намуд». Дуруст, Иброҳимбек барои амир шердил буд, зеро ки баҳри бозпас гирифтани салтанати амирӣ ва дар ҳолати рукуду ақибмондагӣ қарор додани мардум ва махсусан, мардуми тоҷик, ки аз одитарин ҳуқуқе бархўрдор набуд, муҳориба кардааст.
«Милали заъифа ва ҳимоят аз ситамдидагон» истилоҳотеанд, ки амир дар нома истифода бурда, аз Лигаи миллатҳо хостори бозпас гардонидани салтанаташ шудааст. Милали амирсолориро худи амир бо сиёсатҳои маърифаткуш ва зулмпарваронааш заиф сохт. Ба ҷойи он ки ба ситамдидагон раҳм кунад (ҳоло дифоъ не, ақаллан раҳм кунад), онҳоро дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ дошт ва амалдорону ҳокимон ва рўҳониёну уламо – ин тоифаи муфтхўрони худро барои ғорату тороҷи милали заиф ва ситамдидаи Бухоро сафарбар намуд. Ҳар кӣ андак эҳсоси инсонӣ дорад, аз мутолиаи номаи амир пай хоҳад бурд, ки амир ба хотири чӣ нома навиштааст. Албатта, орзуи барқарор кардани амирсолорӣ ва ба кару фар идома додан хоби амирро ҳамеша ҳаром мекард, аз ин рў, бо истифода аз имкониятҳои дохилию хориҷӣ дар фикри бозпас гирифтани Бухоро буд. Дар баробари ин, мардум дар чӣ гуна вазъе зиндагӣ мекарданд ва амиру думравонаш чӣ касоне будаанд, ба аҳли фаҳм маълум аст. Авлодони амир ва босмачӣ имрўз ҳам, мутаассифона, дар фазои маҷозӣ ва зиндагии воқеӣ зиёданд ва барои эҳёи салтанати амирӣ, ки ба тоҷик ва тоҷикистонӣ чизе надодааст, саъю талош меварзанд.
Мо ҳаргиз бар он нестем, ки болшевикҳо бегуноҳанд ва ҳукумати шўравӣ ҳукумати бемислу монанд буд. Аммо танҳо тавассути ҳукумати болшевикӣ точик аввал соҳиби Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистӣ ва баъдан (соли 1929) дорои Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид. Магар ин кам буд? Ба тоҷике, ки аҳли зиёаш дар парешонӣ қарор дошт, давлат додан ва ҳудудеро бо исми Тоҷикистон ташкил кардан кори бад буд? Албатта, ба доираҳое, ки аз шунидани исми шўравӣ ва рус ҳассосият доранд, ин бад ва хеле бад аст. Онҳо дар ҳудуди аморати пўсидаи феодаолӣ зистан ва хидматкори амалдорону ҳокимону уламои мутаассиби аҷнабӣ буданро авлотар аз давлатдории шўравӣ медонанд. Бигзор, вале на ҳама мардуми тоҷик хостори бозгашти босмачӣ ва ҳукумати амирӣ мебошад. Бинобар ин, халқро ба ҳоли худ бигзоред, то худаш дар интихоби тақдир ва сарнавишташ тасмим бигирад. Ҳатто чанбари машинаи интиқодоти худро рўйи давраи амирӣ гардондан намехоҳанд, бо он ки ҳамеша аз интиқодмеҳвар будани худ садо баланд мекунанд, Чаро мо ҳаққи интиқоди давраи амирӣ ва тоифаи босмачиро надошта бошем? Нуқтаи заъфи насли ҷавони мо ҳамин аст, ки бештар қурбони афкори муғризонаи бархе хурофотию мутаассиб (Кабирӣ, Мирзои Салимпул, Дориюши Раҷабиён ва ғ.) мешаванд ва азбаски тафаккури таҳлилӣ надоранд, осонакак таҳти таъсири онҳо меафтанд ва интиқодро танҳо дар доираи мавзўоти барояшон маъқул раво медонанд.
Фаридун Ориёӣ
21 январи соли 2019