Агар ба давраи соҳибистиқлолии давлатамон назар афканем, маълумамон мегардад, ки ин давра давраи пешравиҳо ва ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо мебошад. Самти қонунгузорӣ низ дар ҳамин давра таҳким ёфтааст. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумӯи қонунгузорӣ замина гузошт. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти касбӣ табдил ёфт ва теъдоди зиёди қонун ва кодексҳоро қабул намуд, ки барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халки кишвар нақши муҳим бозиданд. Баробари такмил ёфтани таҷрибаи қонунгузорӣ сифати қонунҳо низ давра ба давра, мувофиқи эҳтиёҷоти ҷомеа беҳтар шуд. Дар солҳои аввали истиқлолият қонунҳое мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд, ки ба масъалаҳои сулҳу осоиштагӣ бештар нигаронида шуда буданд, аз ҷумла Қонунҳо «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра. Имрӯз бошад, қонунҳо асосан барои таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудаанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, он ба сатҳи нави рушди қонунгузорӣ замина гузошт. Дар солҳои минбаъда шаҳрвандон се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) ба он тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ қонуни миллӣ, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардиданд. Қонунҳои мазкур воқеан хусусияти миллӣ дошта, маҳз ба миллати тоҷик мансубанд. Даврони Истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Яъне, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ дастоварди замони Истиқлолият аст. Дар ин раванд мавқеи асосиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ишғол мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ намудааст. Ҳангоми тасдиқи санадҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардум ба эътибор гирифта мешаванд. Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ боиси ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мавқеи марказӣ доранд. Истиқлолияти давлатӣ ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра мусоидат кард. Масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон низ аз ҳамон ҷумла аст. Маҳмаризо Ашуров, сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода
Сабтҳои охирин
Аналитик-реалист С.Мирзорахматов на страже национальных интересов (рецензия о новой Концепции ТЭО ПИВ)
Posted on Author Tursunzoda
В социальной сети «Facebook» прочитал поучительную статью известного в Казахстане и на Родине корреспондента Саломиддина Мирзорахматова «Новая концепция пропаганды Мухиддина Кабири и заповеди Йозефа Геббельса».
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Вохӯри бо ҷамоат
Иҷтимоиёт
Нақлиёт
Нақшаҳо
Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
Нишондодҳои рушд
Нуқтаи назар
Сиёсат
Суханрониҳои раис
Таҷлил
Фарҳанг
Хабарҳо
Экология
СОКИНОНИ САРБАЛАНДУ МЕҲАНДӮСТИ ДЕҲАИ ОРТИҚ ҶУМАЕВИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВОБОД БО САҲМГУЗОРИИ ДАСТҶАМЪОНАИ СОҲИБКОРОНУ МАРДУМИ ДЕҲА АСФАЛТПӮШКУНИИ 3 КМ РОҲИ БАЙНИДЕҲАВИРО БА АНҶОМ РАСОНИДАНД. САД АҲСАН ВА ШАРАФ БА ЧУНИН ҶАВОНМАРДОНИ МЕҲАНДӮСТУ ОБОДКОРИ ВАТАН!
Posted on Author Tursunzoda
Дар Теҳрон кӯча ба номи террорист Холид ал-Исламбулӣ ҳаст…, кӯчаи Фирдавсӣ нест!
Posted on Author Tursunzoda
36 сол пештар, 6-уми октябри соли 1981 яке аз сиёсатмадорони дар ҳамон давра шинохта, ки бо иқдомоти тозааш дар сиёсати давлатдории Миср таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб карда буд, дар мазҳари ом кушта шуд.