Хабарҳо

Ҷавол ба кӯри Юнус, ки худро воқеанигар мепиндорад

print
Олус дар мақолаи «Чаро ПМТ воқеънигартар аз режими ҳоким аст?» хеле фазлфурӯшӣ карда, мардумро ақл нишон додааст. Мо ҳам ба усули ин ботилманиш чанд далели ҳумайникунонии Тоҷикистонро, ки хоҷагони беораш дар орзуи он ҳастанд, меорем:

1. Инак, якум. Ту кӯр айнакро аз чашми осебдидаат гир ва чашми нобиноятро калон-калон кушо ва китобҳоро хубтар хон. Мардумро гӯл назан.
2. Сониан, сарлавҳаро ПМТ нею ПМЗ мон. Яъне Паймони зиддимиллӣ.
3. Ҳамин охундҳои беномусат набуданд, ки ҳампаймонони худ ҳизби «Туда»-и Эронро моҳи апрели соли 1979 ба хуну хок оғӯшта карданд ва ҳамагӣ баъди 3 моҳи ҳукуматронӣ зарбаи ҷонкоҳе ба бадани ягона ҳизби чапи демократӣ ворид сохтанд. Нимро ваҳшиёна куштанд ва нимеро то абад зиндонӣ карданд. Додгоҳҳои саҳроиро аз хотир бурдаӣ, ки се муллои ҷоҳил, нухбагони миллати пешрафтаро маҳв мекарданд ва боз дар телевизионӣ нишон медоданд.
4. 5 млн.эронии муҳоҷир натиҷаи ҳамин ҳампаймонии охунду демократ буд.
5. Ин буд паймони мулло ва демократ дар шароити Эрон.
6. Ҳозир бошад эй олус нимнигоҳе ба таърихи муосири Тоҷикистон кун. Паймони демократҳои кутаҳандеш бо мулло чӣ мусибатеро ба бор овард дар Тоҷикистон? Агар надонӣ ба ту чавоб медиҳем. Ба ҷанги шаҳрвандӣ ва қурбонӣ шудани 150 ҳазор тоҷик.
7. Демократҳои хаёлпардоз аз макри мулло бехабар тасаввур мекарданд, ки баъд ҳукумат меронанд: Яке фирорӣ шуд, дигаре кушта шуд аз дасти исломхоҳон дар 9 км Душанбе, сеюмӣ дар Австрия муҳоҷир аст. Ё мо дурӯғ мегӯем?
8. Даҳҳо мисоли диагр аз таърихи сиёии кишварҳои арабӣ меорем, ки шаҳодат ба он мекунанд, ки иттиҳоди мулло ва демократ роҳи бунбастӣ аст. Чун дин (кадом дине набоашд) ва озодӣ ду роҳи мутафовит мебошад ва ду ҷаҳонбинии мухолиф.
9. Роҳпаймоии Берлин аслан тазоҳурот набуд, ин показ моди палтои Бобоев Абдусаттор буд. Ин палторо аз кадом секонд хенде гирифта буд, ки шояд кампири олмоние онро бахшида бошадаш.
10. Ҳаракатҳои роҳпаймочиён ва сару либосашон ҳам аҷиб буд. Тасаввур мекардӣ, роҳпаймоии ҳамҷинсгароён буд. Табиист, ки «кунад ҳамчинс бо ҳамҷинс парвоз, кабутар бо кабӯтар ғоз бо ғоз». Чун ғозеро он ҷо ба мушоҳида нагирифтем мантиқ ҳукм мекунад, ки гӯем ҳама ҳамҷинс буданд.
Ҳамин тариқ, дар муддати наздик тақдири қурбонии Т.Варақӣ, А.Шерзамонов, Р.Темуриёнро ба мушоҳида гиред. Мулло ҳамаро мебахшад, арақнӯшро не. Демокарт моли яҳуд аст, дар пасманзари ҷаҳоннии мулло. Дар зершуураш як санги обдор дорад, барои маҳви «дермократҳо». Ҳоло мебинем.

Фаридуни Меҳроб махсус ба Кимиёи саодат

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *