Хабарҳо

АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ

print
Сарлавҳаи навбатиро барои инъикоси муфтхӯрӣ ва таассубзадагии наҳзатиён аз асари Устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ гирифтем. Устод бо ин ислоҳи ҳадафманд муфтхӯр ва табақаи муфтхӯронро тасвир кардааст.

Наҳзат дар кишвар ба истилоҳи ифодагари қишри ақибзада, динзада, суннатзада, вопасгаро, таассубӣ, хурофотпараст, ҷаҳолатпеша, ҳаётситез, одамбадбин, бунёдгаро ва ба сурати муштарак боздоранда ва ё барои оммафаҳм шудан тормози ҷомеа мебошад.
Ду дафъа дар таърихи асри 20 ва 21 ин ҳизби қафомонда ва ҷелакдӯстдор, миллатро ба ақиб тела мезанад. Имрӯз, 07-уми декабри соли 2018 рӯзи таърихӣ аст ба тарафдорони дунявимадори тоҷик. Нахустин бор чопхонаи 3 Д (принтери 3Д) ба Душанбе оварда шуд, ки қобили чопи маҳсулоти майда ва калонро дорад. Ҳатто мошинро ҳам истеҳсол мекунад. Агар наҳзатиҳо ва иттифоқчиёни таърихиашон босмачиҳо мебуданд, яқин дорем, онро моли куфру илҳод мепиндоштанд ва истифодаи онро музир барои инсон мехонданд. Чун велосипедро шайтонаро ба хонда буданд.
Баргардем, ба масъалаи муфтхӯрии наҳзатиҳо, ки шартан ангали наҳзатӣ ном бурда мешавад. Ин тоифа суннати мутфхӯриро дар ҷомеаи тоҷик ривоҷ доданд. Сари хони мардум чун гиенаҳои ваҳшӣ метохтанд ва онро ғорат мекарданд. Усули ғоратгарӣ аз деҳот оғоз меёфт, чун ки онҳо гумон доштанд, ки дар он ҷо дур аз назари мақомот мемонанд. Охир тоҷикро ба «Ихвон-ул-муслимин» чӣ умумият ҳаст, ки наҳзатиҳо амали Саид Қутбро бо Ҳасани Банно дар ҷомеаи дунявиасоси шуравӣ бунёд карданд. Ҷавононеро, ки дар ҳалқаи таълимоти Имоми Аъзам намоз мехонданд, такони сиёсӣ доданд, пӯшиши хатаронки илми «ҷиҳод»-ро ба онҳо омӯхтанд.
Чанд далеле аст, ки наҳзатиҳои вопасгаро дар ҳаққи ин миллат ҷафо карданд, зеро:

1) Мансубият ба доираҳои тундгаро, ифротӣ ва зиддимилӣ дар хориҷи кишвар ва аз шерозаи ин миллат дур нигоҳ доштани дастворадҳои техникӣ.
2) Шарикӣ дар нақшаҳои зиддитоҷикӣ дар қаламрави кишварҳои сеюм. Агар дар солҳои 90-ум ин гуна кишвар Афғонистон буд, ҳоло бинобар тамоюли пулдӯстии ин авлод, кишварҳои атрофи Халиҷи Форс ва Эронро домангинр шудаанд ва худашон ба ибораи устод Айнӣ «доманрас».
3) Мафтуншавии наҳзатиҳо ва атрофиёнашон аз мафкураи ихвонӣ, яъне ҳамон мафкурае, ки ДОИШ ва «ал-Қоида»-ро ба вуҷуд овард ва Сурияву Ироқро ба хок яксон кард.
4) Мансубияти наҳзатиҳо ба ин хоку бум боз аз он лиҳоз, машкук ва хатарофар аст, ки он чун абзори дасти хоҷагони хориҷӣ, нашри маводи ғаразноки зиддимиллиро ба забони хориҷӣ ба роҳ мондааст ва чун пойгоҳи зиддииттилоотии рақибони минтақавӣ ба муқобили дастовардҳои ҷумҳурӣ ва МИЛЛАТИ ТОҶИК мубориза мебарад.
5) Зикри ашхоси баландрутба ва баобрӯ дар ғайбатномаҳояш, ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад ва ҳизби оянданигар чунин бояд намекард. Бо ду дасти адаб, наҳзат худро ба вартаи ҳалокат мебарад, ҳам марги тадриҷӣ ва марги эътиқодӣ.
6) Кӯдаки ҳушёр пистони ду моморо мемакад. Наҳзат ин ҳолатро амалӣ мекунад: аз як чо Эронро мемакад ва дигар тараф бо Олами Қӯҳан ёр шудааст. Вале ӯ фаромӯш кардааст, «Панири ройгон танҳо дар мушқаппак аст», ба ҳар ҳарфу сухан ҷавоб бояд дод. Дар назди миллат.

Ҳамин тариқ, наҳзат ба истилоҳи имрӯза навбосмачиҳои имонфурӯш дар хориҷ аст. Сари митингбозиҳои ин тоифа боз бармегардем.
Фирӯзи Қаҳрамон, коршинос ва имондори сохти дунявӣ, махсус барои «Кимиёи саодат» «Паём.нет»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *