Хабарҳо

Писарандари дурӯғгӯён – Муҳаммадиқболи Садриддин  (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст)

print
      Соати 12:45-и 08-уми декабри соли 2018, дар сомонаи вафодораш Муҳаммадиқболи Садриддин аз гуфтаҳои банда Баҳодур Саидов, ки дар Олмон мебошам ва ба кӯри Юнус хуб маълум аст, иқтибос овардааст, ки  «ба ҳукумати Тоҷикистон маълум шуд, ки дигар мардуми ба дод омадаро наметавон аз ҳабсу зиндон тарсонд. Ин дафъа тавассути бо ном коршиноси сиёсӣ, Баҳодур Саидов таҳдид мекунад, ҳар кӣ дар тазоҳурот ширкат мекунад, террор мешавад. Диққат кунед ба ин сухани Баҳодур Саидов: “Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд…”. Бале, ман Баҳодур Саидов, як тоҷики миёнаомориам, ватандӯстам,  оромиши миллатам ва ҳукфармоии фазои сулҳу суботро чун гавҳараки чашм зарур медонам, бо воситаҳои машруъ ҳифз менамоям,  давлатамро дӯст медорам. Ҳадафи шумо ифротиҳо, ки дар дили Аврупо ошӯб  ташкил карданӣ ҳастед, аз наздик мушоҳида мекунам. Омода ҳастам, як ба як, як ба ду, як ба даҳи шумо заъифон биразмам, ҳам дар соҳаи баҳси илмӣ ва ҳам дар майдони набард. Мардум соддалавҳи ғарбро, ки аз ҳилаи шаръии шумоякҳо бехабар ҳастанд, гул заданӣ ҳастед. Кӯлоҳпушиданӣ ҳастед. Вале ин ҳилагариҳоятон дигар намегузаранд, аниқтараш мо патриотҳои асил намегузорем.

Муҳаммадиқбол Садриддин биё аз осмон ба замин баргардад ва ҳақикатро гӯш кун, хуб гӯш кун, зеро пунбаро дар гӯшҳои осебдидаат гузоштаӣ ва мақсади ноором кардани вазъиятро дорӣ.

Якум, барои тоҷик, ки якдаста аст ва як Лидер дорад, чӣ зарурат дорад оппозитсия, он ҳам дар дар ниқоби хурофотпарастӣ ва таассуб. Худ тасаввур кун, дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятист, эътиқод ба Худо коре нест, ки касе инкор карда бошад.  Вале дар Тоҷикистони имрӯза касе намехоҳад бар 100 соли пеш баргардад ва ҳукми амирсолориро, ки аз кӯхистони мову ту туртоқ мегирифтанд ва ғуломбача мебурданд, ҳукмфармо гардонад.

  Дуюм,  ту фарҳанги бегонаи митингбозиро ҷузъи маниши миллат мепиндорӣ. То дараҷае ки мо медонем, Пашинянро меъёр медонӣ. Намедонӣ ки арманиҳо дар рӯёрӯӣ бо ҳамсояҳояшон дар ҷанг қарор дора д ва ҳар як арман омода аст, чонашро нисори Ватанаш кунад. Арманиҳои муҳоҷир ҳам садҳо миллион доллар ба буҷаи кишварашон сарозер мекунанд. Лобби арманӣ дар ҳимояи миллаташ дар ИМА ва кишварҳои Аврупо ҷоннисорӣ мекунад. Геносиди арманро масъалагузорӣ мекунанд, аҷнабиёнро ба зону мезананд. Ана асли ватандорӣ.

Шумо чӣ?  Чи тавр шуморо мо ба интиқод нагирем, баъзе вақт таҳқир накунем. Дар дили Аврупо рафта, ба сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ латма мезанед. Ҳукуматро наҳс мезанед. Ҳукумат кист, дар шароити Тоҷикистон ин ин халқи одист, халқи заҳматкаш аст. Ин мо ҳастем. Сониан, шумо дар Аврупо дар чое ки зарфиятсозӣ кунед, илм омӯзед, ба ҳукумат санг мезанед, мардумро ба нооромӣ даъват мекунед. Ба Ҳукумате ки мо ҳомиаш ҳастем. Солисан, ҳамин момаи  Шодмонова Гулчеҳра, кампири бечора нест, чи тавре ки ту мепиндорӣ. Ӯ дар радифи миллионҳо нафар дарк кардааст, ки роҳи наҳзат ба бероҳа мебарад, писараш ки гумроҳ шудааст, гумроҳшавии дигаронро намехоҳад. Момаи Гулчеҳра, тимсоли озодихоҳӣ мебошад. У барои миллат мубориза мебарад. Шумо чӣ?

Дар дили мардум таҳлукаро ҷой карданӣ ҳастед. Митинг ҷузъи маниши миллати точик нест. Ин миллат ҳамеша бо машварат корро пеш мебарад. Як бор дар солҳои 90-ум мардумро ба митинг даъват кардед, чи шуд?  Ҷанги шаҳрвандӣ. Ҳоло бошад қишри бедор ва ҳушёри ин миллат дигар намемонад, шумо ба палидӣ даст занед.

Аз ин лиҳоз, сипари миллат шабро рӯз нагуфта, ба шумо муқобила мекунад. Дари тавба боз аст. Боз о боз о сад бор агар тавба шикастӣ боз о. Дар гузашта аз он чӣ метарсидед, мунтазираш бошед! Шуморо миллат дигар намехоҳад. Ҳамин масъалаи усулиро дарк кунед.  Ду се рӯзноманигори норозӣ, 5 наҳзатӣ, 1,5 Г24 ба ҳеч сурат миллат нест.  Миллат 9 млн. точик аст, ки давлат месозад. Навбосмачигарӣ бас аст.

 

Баҳодур Саидов махсус барои сомонаи ислоҳ.нет.      

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *